Ман ба мардуми азизи кишвар муроҷиат карда, ҳар яки онҳоро даъват менамоям, ки биёед, табиати Тоҷикистони биҳиштосоямонро ба гулистон табдил диҳем, ободӣ ва тозагиву озодагиро аз ҳар хонаву кошона сар карда, то деҳоти дурдасттарин вусъат бахшем, тамоми қаламрави Ватанамонро хурраму сарсабз гардонем ва соҳиби фарҳангу тамаддуни бостонӣ будани худро ба ҷаҳониён собит намоем.
Эмомалӣ Раҳмон
(иқтибос аз Паём ба Маҷлиси Олии ҶТ аз 28.12.2023с.)
Аз таҷрибаҳои зиёди кору рӯзгори гузаштагону имрӯзиён чунин хулоса бароварда мешавад, ки барои амалӣ сохтани андешаҳо ва ҳадафҳои бузург танҳо он касоне қодир ҳастанд, ки аз қуввату қудрат ва имкониятҳои хешу атрофиёни худ самаранок истифода бурда метавонанд.
Нафарони муваффақ қобилияти аз як мушкилӣ ба мушкилии дигар гузаштанро доранд. Хирадманду порсо, донову тавоно ва бофарасот ҳастанд. Ба маънои томаш инсони некандешу хайрхоҳ ва мубориз мебошанд. Атрофиёни худро муттаҳид намуда, ба корҳои неку созанда ҳидоят мекунанд. Президенти мамлакат Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳамаи мо намунаи ибрат ҳастанд.
Аз ин рӯ, моро зарур аст, ки ба хотири ояндаи неки Ватан дар атрофи ин фарзанди фарзонаи Тоҷикистони маҳбуб-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем ва андешаҳои бузурги ин абармарди майдони маърифат ва сиёсатро гарм истиқбол намуда, барои расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ҷаҳду талош намоем ва халқи башардӯсту тамаддунофар, покизакору бомаърифат будани худро ба ҷаҳониён собит созем.
Бояд зикр намоем, ки андеша ин муҳаррик ва пешбарандаи ҳаёти инсонӣ буда, таккондиҳандаи рӯзгори ҷомеа мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки ҳамон дарахти бузургтарини ҷангал як замоне тухми кучак будааст. Бо гузашти солҳо он бузургу муҳташам гардида, ба олами атроф ҳусну тароват ва покӣ мебахшад.
Андешаи Сарвари кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси ҳифзу гиромидошти покӣ ҳамон тухмеро мемонад, ки аз ҷониби ин родмарди нексиришт ба синаи ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ва дӯстдорони ҳаёти поку беолоиш бо самимият ва муҳаббати беандоза кишта шуд. Агар ҳар яки мо ин андешаро дар дили худ ҷой дода, онро ҳифз намоем ва бо меҳру ихлос ба парвариши он машғул шавем, ҷаҳони ботинии мо ба як олами поки биҳиштӣ табдил хоҳад ёфт. Дар навбати худ мо метавонем, ки он зебоиҳои вуҷуди худро, ки бар асари ин андешаи нек ба даст овардаем, ба олами атроф ҳадя намуда, бузургиву ҷалоли инсониро нишон диҳем. Зеро покии олами атроф-ин таҷассумгари покии қалбу рӯҳи одам аст. Ин аст қудрати андеша.
Фурқат Ҳамрозода
подполковники гвардия