Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Пирӯзии фарҳанги сулҳ

430 Бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои маърифатӣ - фарҳангӣ ташкил ва баргузор карда мешаванд.
Ба ифтихори ин ҷашни бузурги таърихӣ, яъне Рӯзи Ваҳдати миллӣ санаи 14-уми июни соли равон дар толори қисми ҳарбии 051055 вохӯрии намояндагон аз Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо ҳайати шахсии қисми ҳарбии мазкур баргузор гардид. Муовини командири қисми ҳарбии 051055 оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ майори гвардия Маҳмадшарифзода Суҳроб меҳмононро хайрамақдам гуфта, доир ба ҷашни муҳими давлатӣ - Ваҳдати миллӣ ибрози андеша кард. Номбурда дар суханронӣ аз таъкидҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуд: «Ҷашни ваҳдати миллӣ рамзи баҳамоӣ, сарҷамъӣ, иттиҳоду 430ягонагӣ ва ваҳдати миллӣ буда, пирӯзии фарҳанги сулҳ ва ақлу заковати солими миллати солору хирадманд ва сулҳпарвари тоҷикро бори дигар исбот месозад». Қайд гардид, ки сулҳу ваҳдат яке аз дастоварди беназири Истиқлолияти кишвар буда, ҳифзу нигоҳдошти он вазифаи ҳамагон аст. Ва боиси ифтихор аст, ки таҷрибаи сулҳу ваҳдати тоҷикон имрӯз дар арсаи ҷаҳон мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.
Меҳмонон низ ба сухан баромада, доир ба таҳкими ваҳдати миллӣ, ягонагӣ ва иттиҳод маърӯза карданд. Давраҳои музокироти сулҳ ва ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ бо заҳмату талошҳои шабонарӯзии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои430 миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми тоҷик ба даст омад, ки ин ҳуҷҷат барои пайванди наслҳо ва пойдории давлату миллати тоҷик саҳми басо муҳим бозидааст, гуфта шуд дар суханронии меҳмонон. Бояд қайд намоем, ки сулҳу Ваҳдати миллӣ ин неъмати бебаҳоест, ки хизматчиёни ҳарбӣ онро чун гавҳараки чашм эмин нигоҳ медоранд.
Дар охир ба муносибати ҷашни Ваҳдати миллӣ чанде аз афсарону сарбозони қисми ҳарбии 051055, ки интизоми намунавӣ дошта, дар тайёрии ҷангӣ ва варзишӣ ҳамеша пешсафанд, бо сипоснома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуданд.


Лейтенанти калони гвардия
Амирзода Саидшо


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.