Баъд аз касби истиқлоли давлатӣ дар соли 1991 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 166 кишвари дунё аввалин қадамҳои худро ба арсаи байналмилалӣ ҳамчун субъекти мустақили муносибатҳои байналмилалӣ гузошт, ки он оғози марҳилаи нави давлатдории тоҷикон ба ҳисоб мерафт. Мутаасифона, бо талоши бадбинонаи ҳаракату гурӯҳҳои манфиатдори дохилӣ ва хориҷӣ бо гузашти як сол Тоҷикистони тозаистиқлол ба вартаи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашида шуд. Дар натиҷа, алангаи оташи ҷанги хонумонсӯзи бародаркуш тамоми манотиқи кишвари ҷавони моро фаро гирифта, боиси ба амал омадани буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ гардид.
Дар натиҷаи таъсири ҷанги шаҳрвандӣ пояҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, Тоҷикистони ҷавонро хатари нобуд гардидан аз харитаи сиёсии ҷаҳон таҳдид менамуд. Дар шароити мураккаби вазъи сиёсӣ дар кишвар ниҳодҳои давлатӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда набаромада, кормандони давлатиро тарсу ваҳм фаро гирифта буд ва аксари онҳо аз ишғоли вазифа дар ин ё он сохтор даст мекашиданд.
Маҳз дар чунин вазъи барои миллату сарзамини мо фавқулодда мураккаб, хиради азалӣ ва ҷонфидоии фарзандони асилу меҳандӯсти миллат зарур буд. Вазъи баамаломада тақозо менамуд, ки нафаре бояд зимоми идораи давлатро ба даст гирад, ки худро қурбон созад ва кишварро аз вартаи нобудӣ наҷот диҳад.
Ба қавли, “Худо он миллатеро сарварӣ дод, ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт”- баргузории Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб гардидани Эмомалӣ Раҳмон ба сифати Раиси Шуро, оғози марҳилаи нав дар ташаккули низоми давлатдории навини тоҷикон буд. Яке аз аввалин масъалаҳое, ки роҳбари ҷавони кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди худ гузоштанд таъмини сулҳу субот дар кишвар буд, зеро эшон дарк менамуданд, ки бе мавҷудияти сулҳу суботи сартосарӣ дар кишвар таъмини рушди устувори дигар соҳаҳо ғайримкон аст. Аммо, дар он давраи ниҳоят душвори вазъи сиёсӣ пояҳои фаъолияти сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ пурра фалаҷ гардида буданд. Ҳолати мавҷуда тақозо менамуд, ки фаъолияти ниҳодҳои мазкур аз сифр оғоз карда шавад ва чунин масъулияти сангинро Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бар душ гирифтанд.
Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар рафти ҷаласаи Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида буд, таъмини суботи сиёсӣ дар мамлакат ва хотима додан ба ҷанги бародаркуш ва дар ин замина, таъсис додани артиши миллӣ ва кувваҳои сарҳадӣ ба хотири пурзур кардани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон, таъмини амнияти давлатӣ ва пуштибонии дастовардҳои истиқлолият буд.
Пӯшида нест, ки яке аз сабабҳои ҷиддии сар задани ҷанги шаҳрвандӣ ва вусъат ёфтани он вуҷуд надоштани Артиши миллӣ буд, ҳол он ки артиш яке аз рукнҳои асосӣ ва пойдевори ҳастии давлати кишварҳо мебошад. Дар он шароити мураккаби солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷойи Артиши миллӣ нерӯҳои ҳарбии гурӯҳҳои мухолиф амал мекарданд, ки низоми ягонаи тобеият надоштанд. Ҳатто дар он шабу рӯзҳое, ки Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ кори худро идома медод, дар мамлакат зиёда аз 13 ситоди гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳукм меронданд, ки аксари онҳо ба касе итоат намекарданд.
Бо мақсади таъмини сулҳу субот ва бақои давлати тозаистиқлоли Тоҷикистон бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Раиси ҳамонвақтаи Шурои Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18-декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси қувваҳои муссалаҳи Тоҷикистон» қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор гардид. Дар ин замина 23-ферали соли 1993 дар шаҳри Душанбе аввалин Паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардида, маҳз ин санаи таъсиси Артиши миллӣ эълон гардид.
Ногуфта намонад, ки кишвари мо дар солҳои аввали таъсисёбии нерӯҳои мусаллаҳи миллӣ ба мушкилиҳои зиёд дучор гардид. Тавре, ки Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Муссалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: “аз собиқ давлати Шӯравӣ барои мо ягон қисми ҳарбӣ ё техникаи низомӣ мерос намонда буд.” Аз ин рӯ, таъминоти Артиши миллӣ бо қароргоҳу биноҳои лозима, техникаи ҳарбӣ, муҳимоти ҷангӣ, либос ва озуқаворӣ мушкилоти зиёде дошт. Вале ба мушкилоти мавҷуда нигоҳ накарда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд, марҳала ба марҳала тамоми шароити мусоидро дар низоми Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат фароҳам оваранд. Бо талоши бевоситаи Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон қисмҳои ҳарбӣ аз ҳисоби давлат бо техникаю лавозимоти ҳарбӣ ва дигар маводи зарурӣ таъмин карда шуданд.
Агар саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ташаккули Артиши миллӣ таҳлил намоем, метавонем иброз намоем, ки он дар се ҷанбаи асосӣ ташаккул дода шуд:
- Заминаҳои меъёрӣ ҳуқуқӣ, ки асоси фаъолияти босамари Артиши миллиро ташкил менмауд, фароҳам оварда шуд. Дар ин замина Фармони раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи тасдиқи матни савганди ҳарбӣ (17.02.1993.), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”, (1993.) содир ва қабул гардиданд.
Бояд таъкид намуд, ки муҳимтарин санади меъёрӣ ҳуқуқӣ дар танзими фаъолияти ҳарбии кишвар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (06.11.1994) ба ҳисоб меравад, ки он ба сифати қонуни асосӣ асли фаъолияти моро дар соҳаи низомӣ муайян менамояд. Маҳз дар асоси моддаи 43 он гуфта шудааст, ки “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.” Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мудофиа” (1995) ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” (13.12.1996) қабул гардиданд.
Муҳимтар аз ҳама, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми (2022 с.) навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки “Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем.” Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор намуданд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд. Маҳз ин масъала бори дигар аз таваҷҷуҳи Пешвои миллат, ҷиҳати таҳкими иқтидори мудофияи Артиши миллӣ дарак медиҳад.
- Ташаккули сохтор ва бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҳкими заминаҳои моддиву техникии Қувваҳои Мусаллаҳ. Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Артиши миллӣ, бо вуҷуди вазъи номусоиди ҳарбиву сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар, ба сохтори ташкиливу штатӣ, таъминоти моддиву техникӣ, бунёди инфрасохтори зарурӣ, таҷҳизонидани қисмҳои ҳарбӣ ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд. Зеро Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид намудаанд, ки Артиш ё худ Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳар давру замон барои ҳар як кишвари соҳибистиқлол кафили бехатарӣ ва таъминкунандаи ҳаёти осоиштаи мардуми он ба ҳисоб меравад.
Акс аз бойгонии ГМ
Бо саҳми бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар марҳала ба марҳала Қӯшунҳои хушкигард (соли 1997), Қувваҳои ҳарбии ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ (соли 1994) ва Қӯшунҳои зудамалро (соли 2003) таъсис дода, ба таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ (соли 1994), Қӯшунҳои дохилӣ (соли 1993), Гвардияи миллӣ (соли 1995) ва дигар сохторҳои низомӣ таъсис дода шуда, бо вуҷуди мушкилоти зиёде, ки дар тӯли солҳои гузашта дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар ҷой доштанд, тадриҷан ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ табдил ёфтаанд.
Бо дарназардошти зарурати ҳифзи сарҳадоти кишвар соли 1997-ум Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатии назди Ҳукумати Тоҷикистонро ташкил гардида, аз соли 2005 ҳимояи марзҳои кишварамонро ҳамчун давлати соҳибистиқлол пурра ба ихтиёри худ гирифтем. Ҳоло Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҷузъи таркибии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳифзи боэътимоди сарҳади давлатиро таъмин карда истодаанд.
Тибқи маълумотҳои расмӣ бо талоши бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлолии кишвар барои таъмин намудани ҳимояи сарҳади давлатӣ 3 раёсати минтақавӣ, 17 отряди сарҳадӣ, 2 отряди таъиноти махсус, эскадриляи алоҳидаи ҳавопаймоӣ, 7 комендатураи сарҳадӣ, 158 дидбонгоҳи сарҳадӣ, 35 нуқтаи гузаргоҳи сарҳадӣ, Донишкадаи олии сарҳадӣ, Гимназияи ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ бо номи “Ворисони Куруши Кабир”, 4 маркази таълимӣ, 3 госпитали ҳарбӣ, 5 қисми ҳарбӣ дар самти таъминоти техникӣ таъсис ёфта, 187 иншооту бинои ёрирасон бунёд карда шуд.
Дар баробари ин, ҷиҳати таҳкими ҳимояи минтақаҳои осебпазири сарҳади давлатӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дар ҳамкорӣ бо дигар сохтору мақомот 92 дидбонгоҳи сарҳадӣ бунёд ва 173 иншооти сарҳадӣ таҷдиду азнавсозӣ шудааст. Инчунин, садҳо километр роҳҳои нави мошингарди сарҳадӣ ва дигар иншооти ҳифзи сарҳад бунёд гардидааст. Бояд зикр намуд, ки бо супориши бевоситаи Пешвои миллат ҳанӯз соли 2008 Нақшаи дурнамои бунёди шаҳрчаҳои ҳарбӣ ва сохтмони манзил барои хизматчиёни низомӣ барои солҳои 2009-2020 таҳия шуда, давра ба давра дар амал татбиқ намудани он мушкилоту камбудиҳои дар ин бахш мавҷударо бартараф намуд.
- Тақвияти иқтидори кадрии ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба масоили вобаста ба тарбияи кадрҳои миллии афсарӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, таҳсили онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар ва даъвати босифати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид месозанд, ки роҳу усулҳои ғайриқонунии даъват ба сафҳои Артиши миллӣ бояд комилан аз миён бурда шавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки муҳимтарин роҳи ҳалли ин мушкил тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии наврасону ҷавонон аз муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ ба ҳисоб меравад.
Дар даврони истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз бо дастгирии бевоситаи Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон мактабҳои олӣ ва академияи ҳарбӣ, аз ҷумла Академияи Вазорати корҳои дохилӣ, мактабҳои олии тарбияи кадрҳо барои вазоратҳои мудофиа, амният ва Кумитаи ҳифзи сарҳади давлатӣ таъсис ёфтаанд. Пешвои миллат ҳамчунин ба тарбияи кадрҳои ҳарбӣ дар хориҷи кишвар низ таваҷҷуҳи махсус равона менамоянд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ намоем.
Вобаста ба масоили болозикр таъкид намудан зарур аст, ки тибқи маълумотҳои расмӣ, дар замони истиқлол барои Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат, беш аз 10 ҳазор нафар, аз ҷумла танҳо барои Вазорати мудофиа дар муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон зиёда аз 3100 нафар ва дар Донишкадаи ҳарбии вазорат қариб 3000 кадрҳои баландихтисоси низомӣ омода карда шудаанд ва қариб 1000 нафар академияҳои ҳарбиро хатм намуданд. Ҳоло зиёда аз 90 фоизи афсароне, ки имрӯз дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ хизмат мекунанд, хатмкардагони донишкадаву академияҳои ҳарбӣ мебошанд.
Инчунин, тибқи оморҳои расмӣ, даврони истиқлол 2800 нафар ҷавон, аз ҷумла 1500 нафар Донишкадаи олии сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 нафар донишкадаҳои олии хориҷи кишварро хатм намуда, ҳоло дар вазифаҳои афсарии ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат карда истодаанд.
Бояд таъкид намуд, ки Тоҷикистон аз оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ ва зуҳуроти номатлуб ба монанди терроризм ва экстремизм сабақҳои талх бардошта, ҷомеаи ҷаҳониро низ доим аз хатари густариши онҳо ҳушдор намуда, дар мубориза бо ин зуҳуроти хатарнок ва харобиовари ҷаҳони муосир бо тамоми кишварҳо ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ҳамкорӣ менамояд.
Илова бар ин, дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии низомӣ Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар машқҳои муштараки фармондеҳиву ситодии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай фаъолона иштирок намуда, қобилияти баланди омодагии ҷангии худро собит месозанд ва дар айни замон маҳорат ва таҷрибаи худро дар ин самт такмил медиҳанд.
Дар доираи рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ метавон иброз намуд, ки дар Тоҷикистон вабаста ба мавқеи геополитикии он бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои амниятӣ дар чаҳорчӯбаи ниҳодҳои болозикр машқҳои ҳарбӣ баргузор мегарданд.
Шакли маъмули ҳамкорӣ дар самти таъмини амният миёни кишварҳо машқҳои ҳарбӣ дар чаҳорчӯбаи ИДМ, СҲШ ва СААД, машқҳои зиддитеррористии «Рубеж-2005», машқҳои тактикии махсус «Гром-2015», машқҳои махсуси муштараки қувва ва воситаҳои иктишофии қувваҳои мусаллаҳи кишварҳо «Поиск-2016», «Боевое братство-2017», машқҳои муштараки оперативӣ-стратегӣ таҳти унвони «Боевое братство-2018», тамриноти муштараки "Нерушимое братство-2019", инчунин «Взаимодействие-2021», «Поиск-2021» ва «Эшелон-2021», «Рубеж-2022» (СААД, Тоҷикистон) ва доираи дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баргузор гардидаанд, ки ҳадафи асосии онҳо таъмини ҳамоҳангии ҳамкориҳо дар мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва ҷудоихоҳӣ, фуруши маводи мухаддир, муҳоҷирати ғайриқонунӣ, гардиши силоҳ ва дигар таҳдиду хатарҳо ба ҳисоб мераванд.
Аз ин рӯ, бо қаноатмандӣ метавон иброз дошт, ки бо талоши бевоситаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҷиҳати ташаккули симои дохилӣ ва байналмилалии Артиши миллӣ фароҳам оварда шуда, инфрасохтори ҷузъу томҳои он мустаҳкам гардида, ҳайати кадрии он тақвият бахшида шудааст.
Дар маҷмуъ, дар зарфи 30 соли мавҷудияти Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти ватандӯстонаи родмардони Ватан, асосҳои сохтори конститутсионӣ, рукнҳои тозаи идоракунии давлат, меъёрҳои танзимкунандаи ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мустаҳкам гардида, арзишҳои истиқлоли давлатӣ ҳифз ва ба ҷаҳониён муаррифӣ гардид. Бо ин ҳол, шароити мураккаби вазъи ҷаҳони муосир, аз ҳар як ҷавони ватандор, худшиносу худогоҳ тақозо менамояд, бо пуштибонӣ аз сиёсати ватанпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ҷиҳати хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ омода бошанд. Маҳз таъкидҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки мефармоянд “хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб меёбад”, моро бояд водор созад, ки барои ҳифзи марзу буми Ватани аҷдодиамон бо ҳисси баланд ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ хидмат намоем.
Шарифзода Сайҳомид – номзади илмҳои таърих,
Сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии
сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии
назди Президенти Ҷмуҳурии Тоҷикистон