Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Пешвои миллат - бунёдгузори артиш ва
намоди ифтихору нерумандӣ

430
Эй поягузори кори артиш,
Аз туст ҳама барори артиш.

Ману артиш сисолаем. Фарқ миёни мо зиёд нест. Ҳар ду аз ибтидои соли 1993 ба арсаи ҳастӣ қадам гузоштем. Биёед, қазоват мекунем, ки як тифли ҷисман ва рӯҳан солиму комил то куҷо метавонад дар пайраҳаи ҳаёт худ ба худ рушд намуда, муваффақ шавад? Агар ӯро мураббӣ, парастору ғамхоре набошад. Муҳофизу раҳнамо, мушфиқу пуштибоне набошад. Албатта, наметавонад.
Ман дар оғӯши гарми модар ва ғамхориҳои падар, ғарқ дар шаҳди гулу гиёҳ, обҳои мусаффои чашмасор, фазои дилкаш ва дар домони кӯҳсорони сарбаланди кишвари маҳбубам-Тоҷикистон ба камол расидам.
Ҳамсоли ман - Артиши миллии Тоҷикистон дар зери хайма, дар шаби тӯфону тӯлонӣ “ба дунё омадааст” барои анҷом додани рисолати ҷавонмардӣ: барқарор намудани сулҳу ваҳдат, дифои марзу бум, ҳифозати дастовардҳои истиқлолият аз сармо ва бодҳои дайду. Дар чунин вазъи душвор аксарият ба рушду такомулаш бовар надоштанд, вале шахси худододу хайрандеш, такягоҳ шуд, Артиши миллӣ ташаккул ёфт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити бениҳоят вазнину тақдирсоз қарор дошт: ҳама сохторҳои давлатӣ фалаҷ гардида, дар саросари кишвар ҷангу хунрезӣ, беҳокимиятӣ ва беқонунӣ ҳукмфармо буд. Барои ба эътидол овардани вазъи ноороми сиёсӣ, ҳифзи Тоҷикистони тозаистиқлол, барқарор намудани шохаҳои ҳокимият набудани одитарин техникаву таҷҳизоти ҳарбӣ, силоҳу муҳимоти ҷангӣ ва кадрҳои лаёқатманди ҳарбӣ аз мушкилоте буданд, ки сари ҳар қадам эҳсос мешуданд. Маҳз дар ҳамин шароити душвори иқтисодӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 18 декабри соли 1992 фармони Раёсати Шӯрои Олӣ «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро ба имзо расонид. Поягузори давлати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати созанда ва дурандешонаи худро аз ташкили рукнҳои давлат оғоз намуданд, ки Артиши миллӣ яке аз онҳост. Яъне, бунёдгузору ҳодӣ, мунодии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Сарфармондеҳи Олӣ мебошанд, ки ҳамеша барои мо ҷавонон намоди ифтихор ва нерумандӣ ҳастанд.
Албатта, бо ташаббуси Раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 аввалин паради ҳарбии Артиши миллӣ доир шуд. Сафҳои онро афсарону сарбозони содиқи Ватан, ҷавонмардоне пурра карданд, ки дар рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷони худро дареғ надошта, барои истиқрори сулҳ сина сипар карданд. Ба ҳамаи норасоиҳо нигоҳ накарда, ворисони Дирафши Ковиён бо Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи ноябри соли 1992 дар Иҷлосияи 16 –уми Шӯрои Олии Тоҷикистон қабул гардида буд, бо ифтихор ва эҳсоси баланди миллӣ қадам зада, аз ояндаи дурухшони давлати тоҷикон ва Артиши миллии Тоҷикистон башорат доданд. Ҳарчанд ташкил намудани паради ҳарбӣ осон набуд, вале ин намоиш даҳҳо нафари дигарро шомили артиш кард, то ки барои таъмини амният, ҳифзи марзу бум ва ободии Ватани худ саъю кӯшиш намоянд. Шоири маъруфи тоҷик Муҳаммад Ғоиб барои тасдиқи заҳматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бамаврид гуфтаанд:

Чун табиби дарди миллат оламаш бишнохта,
Бо давову бо даводав давлати хеш сохта.
Нест осон пуркунӣ бо бурд ҷойи бохта,
Аз зафар созад, ҳикоят парчами афрохта.

Ба душвориҳои молиявӣ нигоҳ накарда, тадриҷан ба бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда ва таъмин кардани онҳо бо силоҳу техника шурӯъ карда шуд. Натиҷаи сиёсати хирадмандонаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва эҳсоси баланди ватандӯстонаи афсарону сарбозони тоҷик буд, ки дар рӯзҳои мудҳиши ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳ дар муқовиматҳои мусаллаҳона бо гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ қарзи фарзандии худро дар назди халқу Ватан сарбаландона иҷро карданд. Пеши роҳи хунрезӣ ва ҳамчун давлат аз байн рафтани Ҷумҳурии Тоҷикистонро гирифта, барои барқарор намудани сулҳу субот саҳми арзанда гузоштанд. Хизмати шоиста, далериву шуҷоати хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст. Мо хотираи ин ҷавонмардонро, ки қарзи шаҳрвандии худро бар ивази ҷонашон иҷро кардаанд, ҳамеша пос медорем ва номи неки онҳоро ҳаргиз фаромӯш намекунем.
Имрӯз мо бо сарбаландӣ аз корномаву қаҳрамонии фарзандони диловари тоҷик ёдовар шуда, иброз медорем, ки бо талошу ҷоннисории онҳо сохти конститутсионӣ дар Тоҷикистон барқарор гардид, ҳаёти осоиштаи мардум таъмин шуда, барои оянда ва рушди ҳама соҳаҳо шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Чуноне ки бунёдгузори Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониашон ба муносибати 27- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ иброз намуданд: «Имрӯз ман бо қаноатмандӣ ва ифтихор изҳор менамоям, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сахту сангин бо сари баланд гузаштанд ва рисолати касбиву қарзи шаҳрвандии худро бошарафона адо намуданд. Яъне артиши 27 сол қабл амалан дар ҷойи холӣ таъсисдодаи мо имрӯз ба як сохтори муқтадир, муназзам ва боэътимод табдил ёфтааст».
Қобили зикр аст, ки тӯли 30 соли фаъолияти Артиши миллӣ бо дастгирии бевоситаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии кишвар, баланд бардоштани қобилияти ҷангии артиш таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардида, барои бунёди иншооти муосир, таъмини техникаву силоҳ, муҳимоти ҷангӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шудааст. Дар ин самт, дар сохторҳои низомӣ корҳои зиёд анҷом ёфтааст. Муносибатҳои дӯстона, ҳамкориҳои муштарак бо сохторҳои низомии кишварҳои хориҷ, созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ монда шуда, барномаҳои мукаммалӣ давлатӣ роҳандозӣ гардидааст. Вале ба ин ҳама нигоҳ накарда, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии кишвар, ки 23-юми декабри соли 2022 ироа гардид, таъкид намуданд: «Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд».
Ҳамчунин вобаста ба рушди иқтисодии кишвар Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани вазъи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд ва аз моҳи марти соли 2023 маоши вазифавии хизматчиёни ҳарбӣ 25 фоиз зиёд карда мешавад. Чуноне ки дар боло қайд шуд, Ҳукумати кишвар минбаъд низ барои баланд бардоштани қобилияти ҷангии Артиши миллӣ чораҳои мушаххас меандешад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар як хизмачии ҳарбӣ идеали сиёсӣ, намунаи олии ватандӯстӣ ва худшиносии миллӣ мебошанд. Чуноне ки дар паёми навбатӣ таъкид намуданд: “Мо бояд ватандӯсту ватанпараст бошем ва ҳаргиз фаромӯш насозем, ки эҳсоси гарми ватандӯстӣ ва ҳисси баланди миллӣ омили асоситарин ва роҳи муҳимтарини рушди давлат ва ҷомеа мебошад”. Мо ба савганди ҳарбӣ содиқ монда, ҳамеша дар фаъолияти хизматӣ ва зиндагӣ ба Сарвари давлат пайравӣ менамоем.
Баъди 30 сол ба монанди ман ҷавонони шарафманди диёр 30 ҳазоранд, ки сафҳои Артиши миллиро пур карда, анъанаи неки ниёгонро идома медиҳанд. Рисолати артиш рисолати мост. Мо, хизматчиёни ҳарбӣ барои миллат хизмат мекунем. Миллат ҳамеша ба пешво, раҳнамо эҳтиёҷ дорад. Пешво, Сарвари миллати тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Мо, хизматчиёни ҳарбӣ барои таъмини амнияти Ватан, ҳифзи сулҳу субот ва дастовардҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамеша омода ҳастем. Барои ин пайваста меомӯзем, маҳорату малакаи касбӣ ва ҷангии худро такмил медиҳем, аз навгониҳои илми ҳарбӣ, технологӣ истифода карда, дар ҳама ҳолат барои ҳифзу мудофиаи Ватан тайёрем.


Капитани гвардия Неъматуллои Холиқ,
афсари калон – рӯзноманигори
шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.