Имрӯз дар толори қисми ҳарбии 051052-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии аҳли илму адаб ва ходимони давлатӣ бо ҳайати шахсии афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ вобаста ба таҳлилу баррасии нуқтаҳои муҳими Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» доир карда шуд. Дар аввал муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ мақсади вохӯрӣ ва иштироки ҳайати шахсиро баён дошта, Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ҳамчун ҳуҷҷати асосӣ ва раҳнамунсози фаъолияти хизматӣ маънидод намуд.
Дар вохӯрӣ намояндаи Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сухан баромада, нуқтаҳои муҳими Паёмро вобаста ба масъалаҳои ҳарбӣ-сиёсӣ, вазъияти ноустувори минтақа ва ҳамсоякишварҳо ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки дар Паём ироа гардид, шарҳу тавзеҳ намуд. Қайд гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷ сиёсати дарҳои боз дошта, ҷиҳати пойдории сулҳу субот ва амнияти давлатҳои минтақа ва ҷаҳон ҳамеша ҷонибдорӣ менамояд. Аз ҷониби дигар намояндагон вобаста ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи насли ҷавон ва ғамхории хизматчиёни ҳарбӣ аз тарафи роҳбарияти олии кишвар ибрози андеша карда шуд.
Қобили зикр аст, ки хизматчиёни ҳарбӣ ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи шаҳрвандӣ буда, дастуру супоришҳоро, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шудааст, дар навбати аввал амалӣ менамоянд.
капитани гвардия Неъматуллои Холиқ
14.01.2022