Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Дар Гвардияи миллӣ Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шарҳу тавзеҳ дода шуд


130 Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар бо иштироки намояндагони Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид.
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ тамоми самтҳои ҳаёти ҷомеаро дар бар гирифта, пеш аз ҳама барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол нақши муҳим дорад.
Сардори раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати дохилии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайдаҳтам Талбаков иброз дошт, ки Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ бистуякум паём аст, ки ҳамчун санади стратегӣ, самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян менамояд. Таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, саноат, роҳу нақлиёт, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, амнияту мудофиа, илму маориф, тандурустӣ, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, занон варзиш ва сайёҳӣ аз масъалаҳои муҳиме буданд, ки барои пешрафти онҳо дар назди масуълини вазорату идораҳои давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошта шуд.
Дар вохурӣ оид ба низоми муносибатҳои байналмилалӣ, камарбанди амният дар минтақа, дипломатияи об, раванди оби Душанбе, тағиёбии иқлим ва ҳифзи пиряхҳо, ки асосгузори ин ташаббусҳои глобалӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, маълумоти муфассал дода шуд.
130 Ҳамчунин сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҷавонон, ки яке аз мавзуъҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба таври муфассал мавриди шарҳу тавзеҳ қарор гирифт. Ҷавонон бояд аз имкониятҳои мавҷуда ва дастгириҳои пайвастаи Сарвари давлат ҳамаҷониба истифода бурда, ҳар чи бештар барои аз худ кардани равандҳои иноватсионӣ, омӯзиши илм, забонҳои хориҷӣ саъю кӯшиш намоянд.
Муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз андеша намуда, таъкид кард, ки Паём барои тамоми сокинони кишвар раҳнамои зиндагӣ ва барои мо хизматчиёни ҳарбӣ дастур, барномаи мукаммали таълимӣ ва ҳуҷҷати рӯимизӣ мебошад.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.