Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Парчами давлатӣ - неруи зафаровари мо!

430 Парчам яке аз рамзҳои асосии давлату миллат мебошад ва мавҷудияти ҳеҷ як кишвар, озодӣ ва истиқлолияти онро бидуни парчам наметавон тасаввур кард. Ифтихору гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ дар ҳаёту фаъолияти ҳайати шахсии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад. Он ҳамеша дар мавқеи ифтихорӣ, дар сафи пеш қарор дошта, рамзи қудрату тавоноӣ, шуҷоату мардонагӣ ва неруи зафаровари ҳарбиён аст.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар Гвардияи миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Фармондеҳӣ, сардорони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ иштирок доштанд. Дар аввал Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, аз таърихи рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла дирафши Ковиён ва зери ин нишон муборизаи мардуми ориёиро барои нигоҳ доштани озодиву истиқлолият ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки имрӯз анъанаи ниёгонро идома дода, бо ташаббус ва роҳнамоии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қариб дар ҳама шаҳру навоҳӣ парафшон аст ва шарафи ба минбар баровардани онро сарбозони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ӯҳда доранд. Албатта, ин барои ҳар як хизматчии ҳарбии Гвардияи миллӣ ифтихору шарафи бузург аст.
430 Дар идомаи чорабинии тантанавӣ командир ва ҳайати шахсии Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ зери оҳанги мутантани Оркестри ҳарбӣ ва қироати шеър дар васфи ливо Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи эҳтирому садоқат аз назди ҳозирин ва майдон гузарониданд. Ҳайати шахсии ҷамъомад эҳтироми Парчами давлатиро ба ҷо оварданд.
Сипас аз ҷониби ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ суруди ифтихории Горди миллӣ, ки ҳамеша дар охири маросимҳои расмӣ ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ суруда мешвад, садо дод.
430 Баъд аз фармони «Бо марши тантанавӣ» афсарону сарбозон, занон-хизматчиёни ҳарбӣ ҳамчун нишони садоқат аз назди минбари ифтихорӣ гузаштанд. Дар гузашти низомӣ ҳайати шахсии Қаровули фахрии Гвардияи миллӣ зери роҳбарии командири қисми ҳарбӣ полковники гвардия Ҳакимзода Сайдалӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии 051052, 051055, 051057 иштирок намуданд.
Қобили зикр аст, ки Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ буда, рамзи ҳуввият, давлатдорӣ, нангу номуси ватандорӣ мебошад, ки дар хизмати ҳарбӣ мавқеи хоса дошта, барои афсарону сарбозон нишони иттиҳод, ҷасорату шарафмандӣ, пирӯзӣ ва иқтидору ифтихор аст.
430 Парчам ҳамчун муқаддасоти миллӣ пеш аз оғози чорабиниҳои тантанавию расмӣ аз тарафи взводи байрақбардори ҷузъу томҳо ба макони баргузорӣ, толор ва ё майдон ворид карда мешавад. Баровардану афрохтани Парчам дар хизмати ҳарбӣ талаботу қоидаҳои махсуси худро дорад. Аз ин рӯ, маросиму ҷашнҳо, чорабиниҳои давлатӣ ва дигар лаҳзаҳои фараҳбахшу хотирмони хизмати ҳарбӣ, зери оҳангҳои мутантани оркестри ҳарбӣ бо истиқболи Парчам оғоз мешавад. Афсарону аскарон барои садоқат ба Президент ба халқу Ватан дар назди Парчами давлатӣ савганд ёд мекунанд.
Эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеа мебошад. Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бо ифтихор аз давлати соҳибистиқлол ва миллати бофарҳанги худ ин муқаддасотро ҳамчун гавҳараки чашм ҳифз менамояд.
430


Полковники гвардия
Хайринисо Комилзода


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.