Парчам яке аз муқаддасоти миллӣ буда, нишони давлати соҳибистиқлол, рамзи мубориза барои озодӣ, шуҷоат, покӣ, ояндаи дурахшон ва сарсабзиву хуррамии давлат мебошад. Эҳтирому ифтихор аз ин муқаддасоти миллӣ вазифаи конститутсионии шаҳрванд ва амри дилу қарзи виҷдони ҳар як инсон аст.
Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Гвардияи миллӣ ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он ҳайати Фармондеҳӣ, сардорони Раёсату шуъбаҳои дастгоҳи марказӣ, афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ иштирок доштанд. Дар аввал Суруди миллӣ таҳти оҳанги оркестри ҳарбӣ садо дод. Сипас Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатӣ муборакбод намуда, аз таърихи рамзҳои давлатдорӣ, аз ҷумла дирафши Ковиён ва зери ин нишон муборизаи мардуми ориёиро барои нигоҳ доштани озодиву истиқлолият ёдовар шуданд. Таъкид гардид, ки Парчам яке аз рамзҳои асосии давлату миллат мебошад, ки мавҷудияти ҳеҷ як кишвар, озодӣ ва истиқлолияти онро бидуни парчам наметавон тасаввур кард. Ифтихору гиромидошти ин муқаддасоти миллӣ дар ҳаёту фаъолияти ҳайати шахсии Артиши миллӣ, аз ҷумла дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи хоса дорад. Он ҳамеша дар мавқеи ифтихорӣ, дар сафи пеш қарор дошта, рамзи қудрату тавоноӣ, шуҷоату мардонагӣ ва неруи зафаровари ҳарбиён аст. Ҳамчунин эҳтирому арҷгузорӣ ва пос доштани муқаддасоти миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як фарди худогоҳ маънидод гардида, аз Иҷлосияи 16 Шурои Олӣ то имрӯз саъю талош ва заҳматҳои Пешвои миллат-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ин самт ёдовар шуданд, ки барои ҳар яки мо боиси пайравӣ ва ифтихори бузург аст.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ сарбозону сержантони баталёни қаровули фахрии Гвардияи миллӣ Парчами давлатии Тоҷикистонро ҳамчун рамзи ифтихору сарбаландӣ, эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бо қадамҳои устувор ва таҳти оҳанги ифтихорӣ аз назди ҳайати шахсӣ, аз майдони чорабинӣ гузаронданд.
Суруди ифтихории Гвардияи миллӣ, ки аз тарафи афсарону сарбозон иҷро карда шуд, чорабиниро идома дод. Бо амри масъули чорабинӣ ҳайати шахсӣ ба марши тантанавӣ омода шуд. Зери оҳангҳои мутантани ҳарбӣ дар ҳайати ҷузъу томҳо баргузор шудани гузашти низомии афсарону сарбозон анҷомбахши ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ гардид.
Полковники гвардия Хайринисо Комизода
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>