Раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи Нақшаи чорабиниҳои асосии раёсат бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ватандўстии хизматчиёни ҳарбӣ, муайян намудани маҳорату малакаи касбии командирони экипаж ва ҳавасмандгардонии онҳо озмуни «Механик-ронандаи беҳтарин»-ро ташкил ва баргузор намуд.
Марҳилаи якуми озмун байни садрнишинони техникаҳои зиреҳпўши ҷангӣ, яъне экипажи мошини ҷангии пиёданизом (МҶП), мошини зиреҳпўши ҷангӣ (МҶЗ-80) ва танк (Т-72), дар заминаи қисми ҳарбии 051055 доир карда шуд. Қабл аз оғози озмун генерал-майори гвардия Қиёмиддин Самарзода, муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ ба ҳайати иштирокдорони озмун комёбӣ таманно намуд. Таъкид дошт, ки муомила бо техника ва риояи чораҳои бехатарӣ яке аз шартҳои асосии озмун ва боиси пирўзии дастаҳо дониста мешавад.
Иҷрои меъёрҳо, яъне амалҳое, ки ҳамарўза масъулин бо он сарукор доранд, шарти аввали озмун интихоб шуда буд. Кушода гирифтани қуттиҳои барқӣ аз мошинҳои ҷангӣ ва боз гузоштани онҳо ба мошин, тибқи талабот савор шудан ва фаромадан аз техникаҳо шартҳои аввали озмун буданд, ки аксарият сарбозону сержантон бо маҳорати баланди касбӣ иҷро карданд.
Шарти ниҳоии марҳилаи якуми озмун иҷрои меъёри №16, дар вақти муайяншуда, яъне бо матои махсус пўшондани техникаи ҷангӣ буд ва ин шартро низ иштирокчиёни озмун хеле моҳирона иҷро карда тавонистанд. Ҳайати ҳакамон ҳар як амал ва ҳаракати иштирокчиёни озмунро ба инобат гирифта, қобилияту маҳорати онҳоро тибқи меъёрҳо ва талабот баҳогузорӣ намуданд. Дар ин марҳила дастаи қисми ҳарбии 051056 ва 051055 аз дигар дастаҳо бартарӣ нишон доданд.
Бо мақсади ҷолиб ва шавқовар гузаронидани озмун, аз ҳайати иштирокчиён оид ба донистани вазифаҳои хизматӣ ва ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани аслиҳаи техникаҳо санҷиш гирифта шуд.
Марҳилаи дуюми озмун иҷрои машқи ронандагӣ аз техникаҳои зиреҳпўш буд, ки дар машқгоҳи саҳроии Гвардияи миллӣ гузаронида шуд. Дар ин марҳила ҳайати садрнишинон ба таври амалӣ маҳорату малакаи техникии худро нишон доданд. Саворшавӣ ба мошинҳои ҷангӣ, аз ҷой ба ҳаракат даровардани онҳо, гузаштани хати монеаҳо, монеаҳои миннадор, нигоҳ доштани техника дар баландӣ ва нишебӣ, даровардани техника ба таваққуфгоҳ, аз ҷумлаи шартҳои асосии марҳилаи дуюм дониста шуд, ки ҳайати дастаҳо амалӣ иҷро карданд. Натиҷаи дарсу машғулиятҳои пайваста ва омодагии ҳамаҷониба ба озмуни мазкур буд, ки ҳайати дастаҳо дар иҷрои амалҳо, аниқтараш дар рондан ва идора кардани техникаҳои ҷангӣ сазовори баҳои баланд гардиданд.
Аз рўи ҷамъбасти холҳои умумӣ ҳайати ҳакамон ғолибони озмунро эълон карданд. Ғолибони ҷойи якум дар байни командири экипажи мошини зиреҳпўши ҷангӣ (МҶЗ-80) дастаи қисми ҳарбии 051054, дар байни экипажи мошини ҷангии пиёданизом (МҶП) дастаи қисми ҳарбии 051055 ва дар байни экипажи танк (Т-72), дастаи қисми ҳарбии 051056 гардид.
Дар байни мураббиёни дастаҳо майори гвардия Ҷаннатулло Хайруллозода аз қисми ҳарбии 051056, мураббии фаъол эълон гардид.
Механик-ронандаи беҳтарин дар техникаҳои зиреҳпўш сарбози қатории гвардия Ғафуров Сино аз баталёни танкии қисми ҳарбии 051055 муайян карда шуд. Ғолибону иштирокчиёни фаъоли озмун бо тўҳфаҳои арзанда сарфароз шуданд.
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ