Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Озмун-санҷиши маҳорату малака

430 Хизмати ҳарбӣ дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ, ҳуҷҷатҳои роҳбарикунандаи соҳа ба роҳ монда мешавад, ки яке аз онҳо Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои хизматчиёни ҳарбӣ донистани ин ҳуҷҷат ҳатмӣ аст, зеро фаъолияти ҳамарӯзаи афсарону сарбозон, муносибат, тартиби пешбарии хизмат, нигаҳдории амвол, умуман тамоми раванди хизмати ҳарбӣ дар он дарҷ гардидааст.
Бо мақсади омӯзиш, хубтар донистани оинномаҳо, мукаммал намудани донишҳои ҳарбӣ ва ҳавасманд гардонидани афсарони ҷавон ба хизмат шуъбачаи хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ санаи 25 октябри соли ҷорӣ озмуни «Беҳтарин донандаи Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» - ро дар байни ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ баргузор намуд. Низомномаи озмун аз ҷониби сарситод тасдиқ гардида, тартиби гузарондан, давраҳо ва дигар шартҳои он муайян карда шуд.
430 Тибқи низомнома озмун аз се давр иборат буда, даври якум дар қисмҳои ҳарбӣ баргузор гардид. Роҳбарияти қисмҳои ҳарбӣ беҳтарин афсарону сержантонро интихоб карда, барои иштирок ва муаррифии қисмҳои ҳарбӣ ба даври баъдӣ фиристоданд.
Даври дуюм ва сеюми озмун дар толори қисми ҳарбии 051055 дар ҳузури ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби афсарони собиқадори хизмати ҳарбӣ таъсис дода шудааст, гузаронда шуд. Озмун тариқи гирифтани билет, ҷавоб додан ба саволҳои он сурат гирифт. Ҳар як даста барои омода шудан ба савол вақти муайян дошт. Албатта, ин тартиб, яъне риояи вақт, дурустӣ, пайдарпайии ҷавобҳо аз иштирокчиён маҳорат, дониш, зиракиву ҳозирҷавобиро талаб мекард. Саволҳо бештар фаъолияти ҳамарӯзаи хизмати ҳарбиро дар бар гирифта, барои ҳозирин ва идома додани хизмат як навъ санҷиши маҳорату малака ва то кадом андоза донистани вазифаву уҳдадориҳо гардид.
Қобили зикр аст, ки ҳайати дастаҳои қисмҳои ҳарбӣ аз афсарони ҷавон ва сержанту сарбозон иборат буда, ҳар кадом барои ғолиб омадан саъю кӯшиш мекарданд. Мо шоҳид будем, ки дар рафти озмун ва ҷавоб додан ба саволҳо дар баробари афсарон сержантон ҳам хеле фаъолона иштирок карданд. Аз ҷумла, сержантони хурди гвардия Бобозода Суннатулло, Турдибеков Давлатбек аз қисми ҳарбии 051062, сержанти хурди гвардия Назаров Муборакшо аз қисми ҳарбии 051058 ва сержанти гвардия Мариншоев Ваҳдатшо аз қисми ҳарбии 051052 бо тайёрии хуб ба озмун ҳозир шуданд.
Мувофиқи ҷавобҳо ва баҳогузорӣ ҳакамон озмунро ҷамъбаст карданд. Дар натиҷа беҳтарин даста ва иштирокчӣ интихоб гардид. Ҷойи якумро қисми ҳарбии 051052 ишғол кард. Ҷойи дуюмро дастаи қисми ҳарбии 051062 ва ҷойи сеюмро қисми ҳарбии 051054 сазовор гардид. Ғолибони ҷойи якум, дуюм ва сеюм бо ифтихорнома ва тӯҳфаҳои таъсиснамудаи Сарситоди Гвардияи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.
Ҳамзамон дар байни дастаҳо майори гвардия Ҳомидзода Лаззат аз қисми ҳарбии 051055 фаъолтарин иштирокчии озмун ва “Беҳтарин донандаи Оинномаҳои Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон” интихоб гардид. Номбурда бо ифтихорнома ва соати ҷашнии Гвардияи миллӣ сарфароз карда шуд.
430


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.