Ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз намоиши мероси нодири ниёгони миллати тоҷик — «Тоҷикистон-кишвари дарёҳои тиллоӣ», ки имрӯзҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон идома дорад, аз наздик шинос гардиданд. Қобили қайд аст, ки Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон зери унвони «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Осорхонаи ҳунарҳои осиёии «Гиме»-и шаҳри Париж 13 октябри соли 2021 бо иштироки бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон ба шарафи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар остонаи сиюмин солгарди муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Фаронса ифтитоҳ ёфта буд. Намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо мақсади муаррифӣ намудани тамаддуну фарҳанги қадимии тоҷикон дар мисоли ёдгориҳои бостонӣ, ки дар мавзеъҳои таърихии мамлакат, аз ҷумла Саразми бостонӣ, Тахти Сангин, Панҷакенти қадимӣ, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук, Аҷинатеппа дарёфт шудаанд, ташкил шудааст. Чуноне ки масъулини Осорхона маълумот доданд, дар намоишгоҳ ҳудуди 300 адад ёдгории таърихӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, имкон фароҳам меорад, ки бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи миллати тоҷик шинос шавем.
Хизматчиёни ҳарбӣ ҳангоми тамошои намоишгоҳи «Тоҷикистон – кишвари дарёҳои тиллоӣ» бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил гардидаанд, инчунин ёдгориҳои таърихии Тахти Сангин, Панҷакенти қадим, қалъаи Кофарниҳон, Ҳулбук ва Аҷинатеппа шинос гардида, ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод - «Оини зардуштӣ», «Империяи ҳахоманишиҳо», «Давлати Юнону Бохтар», «Империяи кушониён» ва «Давлати сосониён» ғанӣ гардонанд.
Муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Муҳаммаднаим Собириён ҳангоми тамошои нигораҳо таъкид кард, ки «тоҷикон аз азал соҳибфарҳангу тамадунофар буда, таърихи хеле қадима ва ибратбахш доранд. Мо мардуми тоҷикро зарур аст, ки дар замони ҷаҳонишавии арзишҳо барои тарбияи фарҳанги миллии ҷавонон саъю кӯшиш намоем. То ин ки насли оянда аз фарҳанги ниёгон баҳраманд гарданд». Ҳамчунин нишони эҳтиром, таасурот ва таманиёти нек аз тамошои Осорхонаи миллӣ дар китоби махсус, ки хотираи меҳмонон сабт мегардад, аз номи тамоми хизматчиёни ҳарбӣ, имзо гузоштанд.
Дар интиҳо хизматчиёни ҳарбӣ дар остонаи Осорхонаи миллии Тоҷикистон акси хотиравӣ гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
15.03.2022