Дар асоси нақшаи асосии фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли равон дар ҳама самтҳои хизмат тайёрӣ ба давраи тобистонаи соли хониш оғоз гардид. Масъулини қисмҳои ҳарбӣ нақшаи чорабиниҳоро омода карда, пеш аз ҳама корҳои ободониро дар макони ҷойгиршавӣ ва ҳудуди шаҳракҳои ҳарбӣ анҷом доданд. Ҳамчунин, тибқи нақшаи раёсати ақибгоҳи фармондеҳӣ таъмир, рангу бор кардани майдонҳои сафороӣ, тактикӣ, варзишӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳӣ, хобгоҳу ошхона ва дигар мавзеъи пешбарии хизмат анҷом дода шуд. Ҳарчанд зимистон ҳам як моҳ барои тайёрӣ ба давраи таҳсил ҷудо шудааст, вале амалӣ кардани корҳои сохтмонӣ дар зимистон мувофиқи мақсад нест. Аз ин рӯ, роҳбарияти Гвардияи миллӣ кӯшиш мекунад, ки бештари корҳои таъмиру навсозӣ пеш аз давраи таҳсили тобистона ба сомон расонда шаванд.
Қисмати дигари тайёрӣ ба давраи таҳсили тобистона омода намудани заминаи таълим мебошад. Чун ҳамешагӣ ҷузъи асосии ин чорабинӣ барои ҳар як командири қисми ҳарбӣ тайёр намудани воситаҳои айёнӣ, ҷадвали дарсӣ, нақша- конспект ва дигар дастурҳои таълимӣ ба шумор меравад, ки ҳайати Фармондеҳӣ ба он диққати махсус медиҳад. Мутаҳаққиқии нақшаҳо, сатҳи тайёрии қисмҳои ҳарбӣ ба давраи таҳсил аз тарафи Раёсати тайёрии ҷангӣ ва мушовирони фармондеҳи Гвардияи миллӣ мавриди санҷиш қарор дода шуд.
Ҳамчунин дар ин муддат бо мақсади баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии командирони сатҳу зинаҳои гуногун ва ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо гузаронидани ҷамъомадҳои таълимӣ-усулӣ, машғулиятҳои назариявию амалӣ ва машқҳои намоишӣ ба нақша гирифта шудааст. Қобили зикр аст, ки ҷамъомадҳои таълимӣ - усулӣ яке аз чорабиниҳои муҳиме мебошанд, ки пеш аз саршавии давраҳои таҳсил бо ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо: командирони қисмҳои ҳарбӣ, муовинони онҳо дар самтҳои фаъолият ва дигар ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо гузаронида мешавад. Ин самти омодагӣ барои такмили ихтисос, расондани талаботи нав ва ё иловагӣ, пешниҳоди таҷрибаи пешқадам муфид буда, ҳамчунин бо ин восита сатҳи донишу пешбарии хизмат дар ҷузъу томҳо муайян карда мешавад. Дар ин асос аз 10 июн ҷамъомадҳои таълимиро раёсати корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ оғоз намуд. Ҷамъомад муддати ду рӯз бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба корҳои сиёсӣ- тарбиявӣ ва афсар-рӯҳшиносони қисмҳои ҳарбӣ таҳти роҳбарии бевоситаи муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднабӣ гузаронида шуд. Ҷамъомад мавзӯъҳои муҳими рӯз, аз ҷумла, мувофиқшавии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ, амнияти иттилоотӣ ҳамчун омили таъмини амнияти миллии Тоҷикистон, воқеияти геополитикии олами муосир ва тафсири моддаҳои дорои хусусияти иқтисодии коррупсионидоштаи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бар гирифт, ки аз ҷониби масъулини раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ, устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ Холов, муаллими калони кафедраи психология Ҷ.Ҷӯрабоев ва намояндаи прокуратураи ҳарбӣ полковники адлия Аломат Бобоева гузаронида шуд.
Ҷамъомади таълимии масъулини аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ бештар амалӣ дар заминаи қисми ҳарбии 051057, таҳти назорати муовини соҳавӣ генерал-майори гвардия Самарзода Қиёмиддин Шароф гузаронида шуд Мавзуъҳои ҷамъомад аз тарафи афсарон-мутахассисони самти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар навбати аввал назариявӣ ва бо аслиҳаву техникаҳои ҳарбӣ амалӣ доир карда шуд. Тартиби гузаронидани дарсҳо барои санҷиши донишу маҳорати масъулин мусоидат карда, аз фаъолияти ҳамарӯзаи ҷузъу томҳо гирифта шуданд. Ҳамчунин дар ҷамъбасти ҷамъомад вазифаҳои масъулини самти аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ дар нимаи дуюми соли хониши 2022 муайян карда шуд.
Чунин ҷамъомадҳои таълимӣ бо сардорони ситод, муовинони командирон оид ба тайёрии ҷангӣ ва дигар самтҳои хизмати ҳарбӣ дар заминаҳои таълимии қисмҳои ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа