3-юми марти соли 2023 нақшаи чорабиниҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омодагӣ ва дар сатҳи зарурӣ таҷлил намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ аз тарафи фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода ба имзо расид. Тибқи нақшаи мазкур ҳама самтҳои хизмат вобаста ба иҷрои вазифаҳо дар фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбӣ муваззаф гардиданд, ки корҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ, таъмиру барқарорсозӣ, рангу бори ҷойҳои пешбарии хизмат, ташкили чорабиниҳои фарҳангӣ ва варзиширо амалӣ намоянд.
Қобили зикр аст, ки ҳар сол масъулини ақибгоҳ мувофиқи талабот ва имконият шинондани дарахтонро ҳанӯз аз тирамоҳ оғоз карда, қисмати зиёди дарахтони мевадиҳандаро дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасон”-и Гвардияи миллӣ мешинонанд. Мувофиқи маълумоти раёсати ақибгоҳи Гвардияи миллӣ то 13 –уми марти соли 2023 дар ҷузъу томҳо наздики панҷ ҳазор гулу буттаҳои ороишӣ ва дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинонда шудааст. Корҳои ободонӣ дар қисмҳои ҳарбӣ: шаҳракҳои ҳарбӣ, ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ, нуқтаҳои назорати гузаргоҳӣ, мошинсарой, хобгоҳу ошхона, майдону роҳравҳо, ҷойи баргузории базмҳои наврӯзӣ идома дорад.
Бо мақсади баланд бардоштани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ҳисси худшиносии ҳайати шахсӣ ва эҳё намудани анъанаҳои миллӣ раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар ҷузъу томҳо вобаста ба таърих ва аҳамияти ҷаҳонии Наврӯз шиору овезаҳоро насб намуда, вохуриву мулоқоти афсарону сарбозонро бо аҳли зиё, ходимони давлатӣ ва гузаронидани виктарина, шомҳои саволу ҷавобро ба нақша гирифтааст. Баргузор намудани барномаҳои идонаи консертӣ дар ҳама қисмҳои ҳарбӣ ҷузъи дигари нақшаи чорабиниҳо аст, ки оркестри ҳарбӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани он омодагӣ гирифта истодааст.
Яке аз чорабиниҳои муҳим ва анъанаи хуби наврӯзӣ баргузор намудани сабқатҳои паҳлавонӣ мебошад. Бо ин мақсад аз 9 -уми марти соли равон дар байни ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ оғоз гардид, ки то 17 уми март идома меёбад. Дар ин мусобиқаҳо хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват мувофиқи меъёру талаботи барои сарбозон муайяншуда ва хизматчиёни ҳарбие, ки дар воҳидҳои таъиноти махсус хизматро пеш мебаранд, тибқи талаботи ба онҳо хос қувваозмоӣ мекунанд. Ташкилу баргузории мусобиқаҳоро раёсати тайёрии ҷангӣ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ ба уҳда доранд. Дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ алакай дар баргузории сабқатҳо таҷриба дошта, дар намуди волейбол, футболи хурд, гӯштини миллӣ, давидан, дастхобонӣ, вазнбардорӣ, ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи автомати калашников мавқеи устуворро соҳиб шудаанд. Мувофиқи фармони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва нақша рафти баргузории чорабиниҳоро комиссияи алоҳида баҳогузорӣ карда, беҳтаринҳо бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Ба ғайр аз ин ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар мусобиқаҳои варзишие, ки байни сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор мегардад, фаъолона иштирок мекунанд. Айни замон дар баробари мусобиқаҳои дохили Гвардияи миллӣ дастаи варзишгарон дар намуди футболи хурд ва бонувон дар мусобиқаи ҷумҳуриявии волейбол иштирок доранд. Аз чор бозии анҷомдода, хизматчиёни ҳарбӣ-бонувон дар се тои он ғолиб омада, як бозиро бохтаанд.
Аз Наврӯзи байналмилалӣ, ки ниёгони мо онро Соли нав, эҳёи табиати зинда, файзу баракат, ибтидои накӯӣ, хайру саховат, комёбӣ, пирӯзии нур, гармӣ, сабзидану шукуфтан, шодиву нишот медонанд, мо, хизматчиёни ҳарбӣ, мардуми шарифи Тоҷикистон ва сокинони кулли сайёра тамоми хубиву накӯиҳоро интизорем.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ ҶТ