Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Омодагӣ ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ дар Гвардияи миллӣ

Фарорасии фасли баҳор дар Тоҷикистон аз идҳои бошукӯҳи «Рӯзи Модар» ва «Наврӯзи байналмилалӣ» оғоз мегардад ва мардуми сарбаланди кишвар ба ин ҷашнҳои фархунда бо орзуҳои нав ва умед ба ояндаи дурахшон омодагӣ мегиранд. Дар доираи ин омодагиҳо, ба хусус Наврӯзи оламафрӯз дар ҳама гӯшаву канори кишвар корҳои ободонӣ созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза гирифта, ҳар нафар аз остони хонадон то коргоҳу идораҳои бузурги давлатӣ барномаву нақшаҳои наврӯзиро таҳия мекунанд. Мо, хизматчиёни ҳарбӣ низ аз ин саф дар канор намонда, нақшаи чорабиниҳоро дар самтҳои гуногуни хизмати ҳарбӣ амалӣ менамоем.
Аввали моҳи март аз тарафи фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода нақшаи омодагӣ барои баргузор намудани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ дар фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 ба имзо расид. Масъули назорат ва иҷрои нақша муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ – тарбиявӣ буда, он дар ҳамкорӣ бо дигар раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбӣ дар амал татбиқ карда мешавад.
Тибқи нақшаи чорабиниҳо масъулини ақибгоҳ кабудизоркунии ҳудуди қисмҳои ҳарбиро анҷом дода, ҷуйбор, гирду атрофи роҳҳои нақлиётгард ва пиёдаравро, ки дар назди қисмҳои ҳарбӣ мавҷуданд, аз хасу хошок ва дигар партовҳо тоза карданд. Ҳамчунин шаҳракҳои ҳарбӣ, ҷойи баргузор намудани базмҳои наврӯзӣ бо гулу сабза оро дода шуданд.
Ташкилу баргузор намудани қисмати асосии чорабиниҳо ба зиммаи масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ буда, онҳо аз аввали моҳи март ба воситаи корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохуриву мулоқот бо аҳли зиё, олимон, шоирону нависандагон, ҳунармандон, гузаронидани машғулиятҳо, баргузор намудани шоми саволу ҷавоб дар байни сарбозон, тамошои филмҳои ҳуҷҷатӣ ва дигар барномаҳои телевизионӣ таърихи Наврӯз ва анъанаҳои онро ба ҳайати шахсӣ мерасонанд. Дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ, ҷойҳои муайян шиору овезаҳои наврӯзӣ насб карда шуданд.
Қисмати дигари нақшаи чорабиниҳо баргузор намудани мусобиқаҳои варзишӣ ва сабқатҳои паҳлавонӣ мебошад, ки аз 14 то 19 марти соли равон дар алоҳидагӣ байни афсарон ва сарбозон гузаронида мешавад. Мувофиқи маълумоти раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ мусобиқаҳои варзишӣ аз намудҳои давидан ба масофаи 100 метр, гулӯлабардорӣ, турниккашӣ, бандкашӣ, такя бо дастон (отжимание), дастхобонӣ, нопурра ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳҳои оташфишони ТМ-9мм ва АКМС бо афсарон ва волейбол, давидан ба масофаи 100 метр, турниккашӣ, гулӯлабардорӣ, такя бо дастон (отжимание), шоҳмот, нопурра ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи оташфишони АК-74, тирпарронӣ дар тири компютерӣ аз силоҳи АК бо ҳайати шахсии хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват гузаронида мешавад.
Барномаи фарҳангӣ ва театрикунонидаро, ки рӯзи баргузории тантанаҳо дар базмгоҳи наврӯзии гурдон доир мегардад, Оркестри ҳарбӣ омода мекунад. Чуноне ки сардори оркестр маълумот дод, он дар асоси нақшаи алоҳида бо иштироки ҳайати шахсии қисмҳои ҳарбӣ, яъне афсарону сарбозоне, ки бевосита ҳунару маҳорати сарояндагиву навозандагӣ доранд, дастаҳои ҳунарии ҷузъу томҳо гузаронида мешавад. Ҳамчунин оростони дастурхони наврӯзӣ бо «ҳафтшин», «ҳафтсин» ва баргузор намудани мусобиқаи гӯштини миллӣ дар базмгоҳи наврӯзии гурдон ба нақша гирифта шудааст.


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа
14.03.2022

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.