Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Паём- муждаи нек


130 Таҳти чунин унвон санаи 4-уми июли соли равон дар қисми ҳарбии 051056 –и Гвардияи миллӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ҳамоиш командири қисми ҳарбӣ полковники гвардия Абдусалом Одиназода, раиси Шурои собиқадорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бӯстон Абдурауф Ашуров, ёрдамчии прокурори ҳарбии гарнизони Суғд лейтенанти адлия Муҳаммад Мирзоев ва ҳайати шахсии ҷузъу томи қисми ҳарбӣ иштирок намуданд. Баромадкунандагон зимни ироаи маърӯзаҳои хеш нуқтаҳои асосии Паёми навбатии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро шарҳу тавзеҳ намуда, таъмини сулҳу субот ва ҳифзу ҳимояи Ватанро вазифаи ҷонии хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар донистанд.
130 - Паёми Пешвои миллат ҳамчун дастуру раҳнамо, муждаи нек ба мардум ва омили асосии рушду пешрафти тамоми қишрҳои ҷомеа ба ҳисоб меравад. Аз Паём то Паём кишварамон-Тоҷикистони азиз дучанд рушду пешрафт карда, зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи байналмилалӣ мақоми волоро касб мекунад.- зикр намуд зимни суханронӣ раиси Шурои собиқадорони шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Бӯстон Абдурауф Ашуров.
130 Ҳамчунин таъкид шуд, ки таъмини суботу амният, ҳимояи марзу буми Ватан ва дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврасу ҷавон яке аз масъалаҳои меҳварии Паёми навбатии Сарвари кишвар мебошад, ки дар инҷода тамоми қишри фаъоли ҷомеа бояд саҳмгузор бошанд. Дар охир масъулини қисми ҳарбӣ иброз доштанд, ки афсарону сарбозони ҷузъу томи қисми ҳарбӣ бо ҳисси баланди ватандӯстӣ рисолати касбии худро ба ҷо оварда, вазифаву уҳдадориҳои худро, ки дар Паёми навбатии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ таъкид гардидааст, дучанд иҷро мекунанд.

Майори гвардия Неъматуллои Холиқ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.