Дар асоси нақша-чорабиниҳои “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявии фармондеҳии Гвардияи миллӣ баҳри баланд бардоштани маърифати зидди коррупсионии хизматчиёни ҳарбӣ, бо ҳайати шахсии дастгоҳи марказӣ ва қисмҳои ҳарбии 051053, 051054 вохӯрӣ баргузор намуд.
Дар вохӯрии мазкур намоянда аз раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе иштирок дошт. Муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим меҳмонро хайрамақдам гуфта, доир ба “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030” ибрози андеша намуд ва суханро ба подполковники адлия Турсунзода Шодком, сардори шуъбаи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе манзур намуд.
Қайд гардид, ки коррупсия як зуҳуроти номатлубе мебошад, ки аз ҷониби мансабдорони давлатӣ ба амал омада, боварии ҷамъиятро нисбати шохаҳои ҳокимияти давлатӣ коста мегардонад. Ҳамзамон, иброз намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, Конвесияи Созмони Милали Муттаҳидро оид ба коррупсия эътироф менамояд. Дар ин раванд, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон се маротиба қонун дар бораи коррупсия аз нав қабул шудааст, ки он солҳои 1999, 2005 ва соли 2020 мебошад.
Турсунзода Шодком дар маърӯзаи худ се омили асосии ба вуҷудоии коррупсияро ба самъи ҳозирин расонид. Якум омили иқтисодӣ, дуюм омили ирсӣ ва омили сеюм тарбия аз рӯи нафсияти ҷомеа мебошад. Инчунин мавсуф дар бораи банду басти ҳолатҳои коррупсионӣ маълумот дод, ки порадиҳанда ва порагир дар назди қонун ҷавобгарии баробар доранд.
Дар идомаи вохӯрӣ хизматчиёни ҳарбӣ барои тақвияти андешаҳо ба намояндаи агентӣ савол дода, посухҳои аниқу мушаххас гирифтанд.
Дар интиҳои вохурӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим барои саҳмгузорӣ дар пешгирии ҷиноятҳои дорои хусусияти коррупсионӣ ва ба роҳ мондани ҳамкории судманд минадорӣ баён намуданд.
Лейтенанти гвардия Насриддинзода И.