Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

“Оина” меҳмони сарбозон

430 Санаи 9 феврали соли ҷорӣ дар асоси нақша-чорабиниҳои раёсати корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ дар қисми ҳарбии 051055-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 29 - солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бо мақсади баланд бардоштани ҳолати рӯҳию равонии хизматчиёни ҳарбӣ чорабинии фарҳангӣ баргузор гардид.
430 Дар чорабинии мазкур Оркестри ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санъаткорони театри “Оина” бо саҳнаҳои ҷолиб ва барномаи фарҳангӣ ҳунарнамоӣ карда, хотири ҳозиринро болида намуданд. Ҳунармандон сараввал ҳайати шахсии Гвардияи миллиро ба 29 - солагии таъсисёбии Артиши миллӣ табрик намуда, барояшон дар хизмати софдилона ба манфиати халқу Ватан барору комёбиҳо таманно намуданд.
Мавзуи саҳначаҳо аз ҳаёти ҳамарӯзаи мардум гирифта шуда, ҳунармандон камбудиву норасоиҳои ҷомеа ва лаҳзаҳои гуворои зиндагиро манзури тамошобинон намуданд. 430Дар қатори саҳнаҳои ҳаҷвӣ ширинкорону ҳунармандони театри “Оина” ва ҳайати ҳунарии Оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ бо сурудҳои ватандӯстонаву дилнишини худ ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшиданд.
Дар охир масъулини корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба ҳунармандон барои иштирок ва ҳунарнамоӣ изҳори сипос намуда, таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо дар дигар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ идома меёбанд.



Лейтенанти хурди гвардия
Илоҳиҷон Насриддинзода

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.