Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мусобиқаҳои варзишӣ оғоз шуд

130 Ба муносибати сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 - уми августи соли равон байни дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ мусобиқаҳои ҳарбӣ- варзишӣ оғоз гардид. Маросими ифтитоҳи мусобиқаҳои варзишӣ бо иштироки муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус полковники гвардия Талбидагӣ Давлатзода, муовини Фармондеҳи гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ полковники гвардия Маҳмаднаим Собириён ва иштирокчиёни чорабинии варзишӣ дар заминаи қисми ҳарбии 051055 баргузор шуд.
130 Муовинони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ҳайати варзишгарони ҷузъу томҳоро ба ҷашнҳои миллӣ табрик гуфта, барои фаъолона иштирок намудан дар мусобиқаҳо барору комёбӣ таманно кард. Зикр шуд, ки аз тарафи Раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ мусобиқаҳои варзишӣ байни варзишгарони қисмҳои ҳарбӣ пайваста доир карда мешаванд ва афсарону сарбозон маҳорату малакаи варзишии хешро нишон медиҳанд. Ҳарчанд принсипи асосии мусобиқа қувваозмои варзишгарон бошад, ҳам вале ҳадафи асосӣ - дӯстӣ иттиҳоду рафоқат мебошад.
130 Воқеан, варзишгарони номовари тоҷик ҳамеша дар сабқатҳои паҳлавонӣ ва ҳатто дар мусобиқаҳои сатҳи минтақа ва ҷаҳон пеш аз ҳама хоксорӣ ва хислати некӯӣ ва мардонагиро асосан пешаи худ мекунанд. Ин хусусияти волои варзишӣ дар хизмати ҳарбӣ ҳам риоя мешавад.
Дар асоси нақшаи тасдиқгардида, мусобиқаҳои варзишӣ миёни хизматчиёни ҳарбӣ аз намуди футбол, волейбол, турниккашиву дастхобонӣ, давидан ба масофаи 100м, шоҳмот, нопурра ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи оташфишони АК-74, гулӯлабардорӣ, такя бо дастон ва тениси рӯи миз то санаи 24-уми август идома меёбанд. Дастаҳои варзишгарони ғолиб дар чорабинии тантанавӣ аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо ҷому медал ва дигар тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
130 Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.