Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Оғози даъвати тирамоҳии шаҳрвандон
ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ

Ҳамасола дар кишвар шурӯъ аз 1-уми октябр даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ оғоз гардида, то охири моҳи ноябр идома меёбад. Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати дар сатҳи баланд қабул намудани наваскарон чораҳои зарурӣ андешида, барои қабулу ҷобаҷогузории онҳо омодагӣ мегирад.
130 Аз ҷумла, сару либос, пойафзол, хобгоҳи сарбозон, синфхонаҳои таълимӣ, хонаи маишӣ, ҷойи дастурӯшӯӣ, ҳамом, майдончаи сафороӣ ва нуқтаи тиббӣ мувофиқ ба талабот тайёр карда мешаванд. Масъулини Маркази тайёрии кадрҳо ҳар кадом дар самтҳои худ нақшаи чорабиниҳоро амалӣ мекунанд. Ҳамзамон комисияи босалоҳият, ки аз ҳисоби афсарони фармондеҳӣ ташкил шудааст, омодагии Маркази тайёрии кадрҳоро барои қабулу ҷобаҷогузории сарбозон ва вазъи таъминот, шароити таълим, фароғату истироҳати наваскаронро мавриди санҷиш қарор доданд.
Бояд ёдовар гардид, ки даъвату гусели шарвандон мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 27-уми августи соли 2024 таҳти №856 “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997-2006-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ба роҳ монда шудааст.
Ҳазамон Фармони фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 -уми сентябри соли 2024 таҳти №185 дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие ки хизматро дар сафҳои Гвардияи миллӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ ” адо намудаанд, давра ба давра, ба эҳтиёт гусел карда мешаванд.
То имрӯз зиёда аз 200 нафар наваскарон барои иҷро намудани қарзи шаҳрвандии худ вориди Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ гардиданд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандони ҷинси марди аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, аз ҷумла дар давоми моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.