Тибқи фармони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва баҳри иҷрои Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосии Гвардияи миллӣ аз 10-уми июн то 26-уми июни соли ҷорӣ ҷиҳати таҳлилу баррасии санҷишҳо, аз ҷумла омодабошии тайёрии ҷангӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, тайёрии давлатию ҷамъиятӣ, ҳолати интизоми ҳарбӣ, таъминот, ҳолати аслиҳаю техникаи ҳарбӣ ва таъминоти ақибгоҳии қисмҳои ҳарбӣ ва ҳамчунин зиёд намудани малакаи касбии афсарон дар Гвардияи миллии Ҷумҳури Тоҷикистон машғулиятҳои омӯзишии нимсолаи якуми соли хониши 2025 ташкилу ба роҳ монда шудааст. Дар асоси нақша ҷамъомадҳо бо командирони қисмҳои ҳарбӣ, сардорони ситодҳо, муовинони командирон, сардорони шубачаҳои разветка, молия ва махфии қисмҳои ҳарбӣ гузаронида мешавад.
Дар рӯзи аввали ин ҷамъомад сардорони шуъбачаҳои молияи қисмҳои ҳарбӣ, дар рӯзи дуюм муовинони командирони қисмҳои низомӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ва шуъбаву хадамоти ақибгоҳ ба машғулият фаро гирифта шуданд. Ҳамзамон оғоз аз 12 июн то имрӯз ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти сардорони шуъбачаҳои махфии қисмҳои ҳарбӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.
Бо мақсади сайқал додани маҳорату малакаи касбӣ ва зиёд намудани таҷрибаи идоракунии техникӣ дар Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддири Гвардияи миллӣ, ҷамъомади таълимӣ-методӣ бо муовинони командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба тайёрии ҷангӣ ва махсус машқҳои ронандагӣ аз техникаҳои зиреҳпӯши ҷангӣ гузаронида хоҳад шуд. Ҳамзамон дар доираи нимсолаи якуми соли хониши соли 2025 машқҳои тирпаронии санҷишӣ бо сардорони ситодҳои қисмҳои ҳарбӣ ташкилу баргузор карда мешавад.
Бояд гуфт, ки чунин машғулиятҳои омӯзишӣ дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда, дар ҳамаи самтҳои хизмати ҳарбӣ, камбудиву муваффақиятҳо, маҳорату малакаи низомӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дода шуда, аз фаъолияти ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ дар нимсолаи аввали соли хониш натиҷагирӣ карда мешавад.
Родмардон