Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таълиму тарбияи кадрҳо, бахусус сарбозони лаёқатманд, ворисони бонанги миллат ва аз ҳисоби онҳо пурра гардонидани сафҳои Гвардияи миллӣ диққати махсус медиҳанд. Аз ин рӯ, дар санҷиши маҳорат ва чорабиниҳои тантанавии сарбозон пайваста иштирок карда, дар асоси ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба тайёрии ҷисмониву рӯҳӣ, зиракии сиёсӣ ва дӯстдоштани Модар-Ватан раҳнамун месозанд.
29 апрели соли равон фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода гурӯҳи навбатии прапоршиконро барои бомуваффақият ба итмом расонидани курси мазкур ва интихоби хизмати Ватан дар вазъияти тантанавӣ табрик гуфта, ба онҳо рутбаи навбатии прапоршики гвардия супорид. Ҳамчунин таъкид кард, ки халқу Ватан дар симои ҳар яки Шумо муҳофиз ва такягоҳи худро мебинад. Аз ин рӯ, ҳамеша бомасъулияти баланд вазифаҳои хизматиро иҷро карда, барои таъмини амният ҳушёру зирак бошед. Оянда боло рафтани ҳар як хизматчии ҳарбӣ дар вазифа ва рутбаи ҳарбӣ аз қобилияту маҳорат, кордонии ӯ вобаста мебошад. Дар идомаи суҳбат фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар бораи имтиёзҳои хизматчиёни ҳарбӣ ёдовар шуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои такмили ихтисос ва таълими онҳо дар муассисаҳои олии кишвар пешбинӣ намудааст. Хизмати софдилонаву содиқона ба халқу Ватан нишони ватандӯстӣ ва ҷавонмардӣ мебошад, таъкид шуд дар охири ҷамъомади тантанавӣ.
Қобили зикр аст, ки Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллӣ дар таълиму тарбияи ҳайати шахсӣ ва тайёр намудани мутахассисони хурд дар самтҳои гуногуни хизмати ҳарбӣ мавқеи махсус дорад. Сарбозу афсарони ҷавоне, ки хизматро дар сафҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ихтиёр мекунанд, ҳатман аз ин мактаби ҷавонмардӣ сабақ мегиранд.
Ибтидо аз соли 2009 дар Маркази тайёрии кадрҳо курси тайёрии прапоршикон фаъолият дорад, ки он барои пурра гардонидани сафҳои Гвардия бо мутахассисони лаёқатманд саҳми босазо мегузорад. Ба курси мазкур сарбозони ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, ки муҳлати як солу нуҳ моҳи муқарраргардидаи хизмати ҳатмии ҳарбиро тибқи даъват ба итмом расонидаанд ва дар оянда хоҳиши идома додани хизмати ҳарбиро доранд, ҷалб карда мешаванд. Мураббиёни ин бахш аз ҳисоби афсарон, собиқадорони хизмати ҳарбӣ, ки ҳар кадом дар ин самт таҷрибаи кофӣ доранд, таъин шудаанд. Барномаи таълимиро сарбозон дар се марҳиллаи омӯзиш, яъне машғулиятҳои назариявӣ, амалӣ ва машқҳои саҳроӣ бо тирпарронии ҷангӣ аз худ мекунанд. Бо ёрии муаллимон дар муддати 3 моҳ ҳайати шахсӣ барномаи мукаммали таълимиро аз худ намуда, аз фанҳои асосии ҳарбӣ аз ҷумла, тайёрии оташфишонӣ, тайёрии тактикӣ, муҳандисиву маҳалнигорӣ, тайёрии ҷисмонӣ, тиббиву алоқа ва монанди ин машғулиятҳои муҳим санҷиш месупоранд. Баъд аз супордани имтиҳон дар назди комиссияи босалоҳият, сарбозон аз рӯи қобилияту дониш ва маҳорату малакаи касбӣ барои идомаи хизмати ҳарбӣ ба ҷузъу томҳо ба вазифаҳои гуногуни хизматӣ таъин карда мешаванд.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа