Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Наврӯз ҷашни иттиҳоду хуррамӣ

«Ватани аслии Наврӯз-сарзамини тоҷикон буда, номи ширину гуворояш низ лафзи тоҷикист. Бо ҳамин ном, яъне Наврӯз, ба тамаддуни миллатҳои дигар ворид шуда, ба иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст»
430 24 марти соли ҷорӣ ҷашни байналмилалии Наврӯзро ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии наздик ба он бо шодию сурур ва шаҳомати хоса таҷлил намуданд. Саҳни баргузории наврӯзгоҳ бо шиору овезаҳои гуногун ва анвои наврӯзӣ хеле зебо оро ёфта буд. Дар ҳар як гӯша қисмҳои ҳарбӣ хони наврӯзӣ, аз қабили ҳафт сину ҳафт шин ва ҳунарҳои мардумиву қадимиро ба намоиш гузоштанд. Фармондеҳи Гвардияи миллӣ ва муовинону командирони қисмҳои ҳарбӣ аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ва хӯрокҳои омодакардаи ҳайати шахсӣ дидан намуда, ба онҳо баҳои баланд доданд. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода ҳайати шахсиро ба муносибати ҷашни байналмилаии Наврӯз муборакбод гуфта, барояшон дар зиндагӣ ва хизмати пуршараф саломатӣ ва комёбӣ таманно намуд. Сипас, аз таърихи ҷашни аҷдодӣ ëдовар шуда, дар баромади хеш иброз дошт, ки миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик иди Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди давлатдории шоҳ Ҷамшед истиқбол намуда, дар ҳама давру замон бо ифтихори беандоза ва шукӯҳу ҷалоли хосса ҷашн мегиранд. Зеро Наврӯз ҷашни иттиҳоду хуррамӣ буда, дар замони Каёниён, Сосониён ва Сомониён бо арзишҳои волояш ба муттаҳидсозии халқҳои ориёинажод ва устувор намудани пояҳои давлатдорӣ мусоидат намудааст.
430 Дар идомаи суханронӣ фармондеҳи Гвардияи миллӣ зикр намуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик расму оинҳои наврӯзӣ, аз ҷумла бо ҳафтшину ҳафтсин, сабзаву суманак дастархони идона ороста, гирди оташи фурӯзон мақсаду маром, таманниёти наврӯзии худро бо суруду таронаҳо иброз медоштанд. Ҷуфтронии деҳқонон, гӯштингириву аспдавонии паҳлавонон ва дигар анъанаву суннатҳои неки Наврӯзи оламафрӯз то ин замон омада расидааанд.
Наврӯзро, ки ҷашни бузурги бедории табиат, оғози сол, эҳёи анъанаҳои миллӣ ва ҷашни муттаҳидсозиву саршор аз муҳаббат мебошад, ҳайати Шифохонаи ҳарбии Гвардияи миллӣ бо хушҳолӣ ҷашн гирифтанд. Дар ин рӯз базмгоҳи наврӯзии Шифохона муҳити хонаводагиро мемонд. Гирди хони наврӯзӣ хизматчиёни ҳарбӣ, собиқадорони хизмати тиббӣ, мутрибону навозандагон, инчунин бемороне, ки дар Шифохонаи ҳарбӣ ба табобат фаро гирифта шуданд, сарҷамъ омада, бо ҳам шодмонӣ карданд. Сардори Шифохонаи ҳарбӣ подполковники хизмати тиббӣ Маҳмудзода Дилшод ин хушиву сарҷамъӣ ва тарабу шодмониро ба ҳама иштирокчиён табрик намуд ва иброз дошт, ки Наврӯз ҷашни байналмилалӣ гашта, дар кишварҳои ҳавзаи он таҷлил карда мешавад. Аммо дар Тоҷикистони азизи мо ин ҷашн шукуҳу шаҳомати дигар дорад. Зеро Наврӯз ба вазъи табиии минтақа ва иқлими кишвар созгор аст.
430 Дар қисми ҳарбии 051057 Наврӯзи хуҷастапай бо риояи суннату анъанаҳои наврӯзӣ баргузор гардид. Оростани ҳафт сину ҳафт шин, ба намоиш гузоштани ҳунарҳои дастии мардум ва ташкили сабқатҳои паҳлавонӣ аз қадимӣ будани ҷашни Наврӯзӣ дарак медод. Полковники гвардия Одиназода Аъзам, муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ Наврӯзи байналмилалиро аз номи фармондеҳи Гвардияи миллӣ ба ҳайати хизматчиёни ҳарбӣ муборакбод намуд.
Қобили қайд аст, ки дар қатори тамоми мардуми диёр ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯзро бо риояи анъанаву унсурҳо дар ҳар як қисми ҳарбӣ ҷашн гирифтанд.


“Родмардон”


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.