Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Базмҳои наврӯзӣ дар Гвардияи миллӣ


130 Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад. Ин ҷашни бузурги куҳанбунёд дар сатҳи байналмилалӣ ботантана таҷлил мегардад ва дар ватани мо- Тоҷикистони азиз Наврӯз шукуҳу шаҳомати дигар дорад. Зеро ин ҷашн ба вазъи табиии минтақа ва иқлими кишвар созгор асту бар пояи эътиқоду бовариҳо бунёд ёфта, дар дилу дидаи пиру барнои мардум ҷой гирифтааст. Дар қатори тамоми мардуми диёр ҳайати шахсии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Наврӯзи оламафрӯзу ҷаҳониро бо риояи тамоми анъанаву унсурҳо дар ҳар як қисми ҳарбӣ ҷашн гирифтанд.
Дар базмгоҳи наврӯзии Шифохона аҳли оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, меҳмонон, мутрибону навозандагон, инчунин нафароне, ки бо мақсади барқарор намудани вазъи тандурустӣ дар шифохонаи ҳарбӣ ҳузур доштанд, сарҷамъ омада, базми тарабу шодмонӣ ороста буданд. Барномаи ҷолиби консертии омоданамудаи афсарону сарбозон, қироати шеъру таронаҳо, хурсандии кӯдакон, хони наврӯзӣ, ки аз таомҳои миллӣ ороста буд, базмгоҳи наврӯзиро ҳусну шукӯҳи дигар бахшид.
130 Наврӯзи дилафрӯзро ҳайати шахсии қисми ҳарбии 051059-и Гвардияи миллӣ бо шукуҳу шаҳомат, дастурхони пурнозу неъмат, барномаҳои ҷолиби фарҳангиву варзишӣ истиқбол карданд. Дар тантанаи Наврӯзӣ сарбозону афсаронро аз файзу нусрати ин ҷашни аҷдодӣ маълумот дода, бо барномаҳои ҷолиб, саҳнаҳои ҳаҷвӣ таъби ҳозиринро болида гардонданд. Қобили зикр аст, ки қисми ҳарбии мазкур бо мақомоти давлатии ҳокимияти иҷроияи шаҳри Турсунзода мунтазам робитаи ҳамкорӣ доранд. Гурӯҳи ҳаваскорони мақомот бо таронаҳои наврӯзӣ хотири сарбозонро шод намуданд. Гузаронидани мусобиқаҳои варзишӣ байни хизматчиёни ҳарбӣ қисмати шавқовару дидании базми наврӯзӣ буд, ки масъулини варзиши қисми ҳарбӣ ба он тайёрии ҳамаҷониба дидаанд. Аз ташкилу тартиби гузаронидани тантанаи наврӯзӣ маълум буд, ки тамоми ҳайати шахсӣ бо масъулияту ифтихори миллӣ ба ин ҷашни ниёгон омодагӣ гирифтаанд.
130 Наврӯзи оламафрӯз дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ, ки дар гарнизони шаҳри Душанбе ҷойгир шудаанд, хеле хотирмону ҷолиб сурат гирифт. Базмгоҳи наврузиро иштироки аҳли оилаи хизматчиёни ҳарбӣ, волидони сарбозон ва дигар меҳмонон пуршукӯҳ намуд. Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ аз намоиши хони наврӯзии қисмҳои ҳарбӣ дидан намуда, ба ороиши дастурхону, тайёр намудани таомҳои миллӣ, риояи расму оинҳо ва ҳунарҳои халқӣ баҳои арзанда доданд. Сипас хизматчиёни ҳарбӣ ва меҳмононро ҳайати фармондеҳӣ бо ҷашни бузурги миллӣ табрик намуда, аз таърихи Наврӯз, эҳтирому арҷгузорӣ ба фарҳангу анъанаҳои миллӣ ёдовар шуд. Тантанаи наврузиро Маликаву Мири Наврӯз идома дода, аз оғози пурфайзу шукуҳи сол ва хуррамии рӯзгори мардум пайки шодӣ оварданд.
130 Базми наврӯзии афсарону сарозонро дастаи ҳунарии Гвардияи миллӣ бо суруду таронаҳои ҷолиби наврӯзӣ, тарануми ватану зебогиҳои табиати диёр идома дода, таъби ҳозиринро шод намуданд.
Дар гӯшаи дигари базмгоҳи наврӯзӣ мусобиқаҳои гӯштингирӣ ва бандкашӣ ташкил карда шуд, ки паҳлавонон аз ҷузъу томҳои Гвардия қувваозмоӣ карданд. Маълум аст, ки ин намуди варзиш, яъне гӯштини миллӣ миёни мардуми мо бисёр маъмулу машҳур буда, мухлисони зиёд дорад. Далеру паҳлавоне дар сабқат дастболо мегарданд, ки ба қувваи бозуи худ боварӣ дорад. Дар масобиқаи гӯштингирӣ байни гурдони диловар сарбозону афсарон фаъолона иштирок намуданд. Ғолиби мусобиқаи гӯштин дар базмгоҳи наврӯзӣ сарбози қатории гвардия Шаҳром Назаров гардид. Номбурда нафарони зиёдро мағлуб намуда, пирӯзӣ ба даст овард ва сазовори ҷоизаи мусобиқаи гӯштингирӣ гардид.
130 Варзиш дар фаъолияти хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ мавқеи махсус дорад. Ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ барои такмил додани варзиш, тарбияи ҷисмониву ба даст овардани маҳорати ҷангии ҳайати шахсӣ саъю кӯшиш менамояд.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.