Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Нақшаи даъват 22 фоиз иҷро шуд

430 Имрӯз, 6 апрели соли 2022 зиёда аз 60 нафар наваскарон барои анҷом додани хизмати ҳарбӣ ба Маркази тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шуданд. Ҷавононро дар саҳни ҳавли командири қисми ҳарбӣ ва дигар шахсони масъул қабул карда, барои ғайрату самимият ва омодагӣ ба хизмати Модар- Ватан аҳсант гуфтанд. Командири Маркази тайёрии кадрҳо подполковники гвардия Раҳимзода Олим дар идомаи суҳбат ба наваскарон аз тартиби хизмати ҳарбӣ, қоидаҳои умумӣ ва таҷрибаи садҳо нафар ҷавонони ватандӯст сухан гуфта, онҳоро ба риояи талаботи Оинномаҳои ҳарбӣ ва эҳтироми ҳамдигар ҳамчун дӯсту бародар дастур дод. Қабули наваскарон дар асоси ҳуҷҷатҳои шахсӣ ва мувофиқи тартиботи дохилӣ дар Марказ идома ёфт.
430 Чуноне ки сардори шуъбаи ташкили сафарбарии Сарситоди Гвардияи миллӣ полковники гвардия Исоев Қурбоналӣ маълумот дод, дар 6 рӯзи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаи даъвати наваскарон дар Гвардияи миллӣ 22 фоизро ташкил медиҳад. Аз ин ҳайат ҳама ихтиёрӣ буда, 7 фоизи онро ҷавононе ташкил медиҳанд, ки баъди хатми муассисаҳои олӣ хизмати ҳарбиро интихоб кардаанд. Ҳамчунин сафи ҷавонони оиладор ҳам кам нест. Мувофиқи барномаи таълимӣ Маркази тайёрии кадрҳо бояд дар муҳлати муайяншуда таълиму тарбияи ибтидоии хизмати ҳарбиро ташкилу ба роҳ монда, наваскаронро барои қабули Савганди ҳарбӣ омода намояд.


Родмардон

06.04.2022


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.