Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Натиҷаҳои соли 2022 дар ҷаласаи васеи Гвардияи миллӣ

430 6-уми январи соли 2023 ҷамъбасти фаъолияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2022 гузаронда шуд, ки дар кори он муовини котиби Шӯрои амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Шараф Ҷаббор, ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ, мушовирони фармондеҳ, сардорони раёсату шуъбаҳои алоҳидаи Дастгоҳи марказӣ, командирони қисмҳои ҳарбӣ ва дигар сатҳу зинаҳои гуногуни ҷузъу томҳо иштирок намуданд.
Нахуст фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода ҳозиринро бо рӯзномаи маҷлис шинос намуд. Натиҷаҳои фаъолияти Гвардияи миллӣ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 масъалаи асосии ҷаласа интихоб гардид.
Қобили зикр аст, ки то саршавии соли хониш дар ҳама самтҳои асосии фаъолияти Гвардияи миллӣ ҷамъомадҳои таълимӣ-усули гузаронда шуда, ҳамчунин ҳисоботи командирони қисмҳои ҳарбӣ ва муовинони соҳавии онҳо оид ба натиҷаҳои хизмат дар ҷузъу томҳо шунида шуд. Дар ҷамъбасти ҳар як самти фаъолият фармондеҳи Гвардияи миллӣ иштирок карда, ҳисоботи масъулини соҳаро шунид. Дар асоси ҳисоботу натиҷаҳои фаъолияти ҷузъу томҳо ва таҳлилу санҷишҳои комиссияи маҷмуавӣ, ки охири сол дар қисмҳои ҳарбӣ фаъолият дошт, ҳисобот, дастоварду натиҷаҳои хизмат пешниҳод гардид, инчунин вазифаҳои минбаъдаи ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ дар соли 2023 манзури ҳозирин карда шуд.
430 Чуноне ки фармондеҳи Гвардияи миллӣ таъкид намуданд “таҳлилҳо ҳангоми гузаронидани ҷамъомадҳои ҷамъбастӣ солона дар самтҳо дар моҳи декабри соли 2022 нишон дод, ки дар давраи ҳисоботӣ фаъолияти ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ назар ба ҳамин давраи соли 2021 беҳтар гардида, дар ҳамаи самтҳои хизмати ҳарбӣ пешравиҳо дида мешаванд.... Ҳангоми иҷрои вазифаҳои ҷангӣ, хизматчиёни ҳарбии гвардия аз уҳдаи иҷрои вазифаҳо сарбаландона баромада, барои шуҷоат ва мардонагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Гвардияи миллӣ қадрдонӣ карда шуданд. Аз ҷумла, аз ҷониби Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ афсарон бо рутбаҳои ҳарбии навбатии «полковники гвардия» ва 5 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо мукофотҳои давлатӣ - 1 нафар бо ордени «Шараф дараҷаи II» ва 4 нафар бо медали «Ҷасорат» сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин, аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ дар соли сипаришуда наздики 800 нафар хизматчиёни ҳарбӣ бо рутбаҳои ҳарбии навбатӣ ва бо медалҳои ҷашнии 15, 20 ва 25 солагии Гвардияи миллӣ сарфароз гардонида шуданд».
Фармондеҳи Гвардияи миллӣ фаъолияти Сарситоди Гвардияи миллиро таҳлил намуда, диққати асосиро ба баланд бардоштани ҳолати омодабошии ҷангӣ ва дар ҳолатҳои гуногун идора кардани ҷузъу томҳо равона кард. Ҳамчунин татбиқи дастуру ҳидоятҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, назорату иҷроиши нақшаву чорабиниҳо, таҳлили ҳолати хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ, роҳҳои баланд бардоштани маҳорату малакаи касбӣ, дурурст ба роҳ мондани муносибати мураббигӣ, босамар гузаронидани озмуну сабқатҳои зеҳнӣ-ҳарбӣ, варзишӣ, фарҳангӣ ва фароғатӣ, пуррагардонии сафҳои Гвардияи миллӣ, аз худ намудани технологияи иттилоотӣ, омӯзиши силоҳу воситаҳои муосири коммуникатсионӣ ва монанди ин масъалаҳо нуқтаҳои асосии маърӯзаи фармондеҳи Гвардияи миллиро дар бар гирифт. Баъди таҳлилу баррасии фаъолияти ҳар як самти хизмат фармондеҳи Гвардияи миллӣ барои ислоҳи камбудиҳо ва беҳтар намудани хизмат дар назди масъулин то ҷамъбасти семоҳаи аввали соли хониши 2023 вазифаҳои мушаххас гузошт.
430 Файзуллозода Шараф Ҷаббор вобаста ба вазъи мураккаби сиёсӣ, ҳарбии ҷаҳон, таҳдиду хатарҳо ва вазифаҳои афсарону сарбозон сухан карда, ҳозиринро ба ҳушёриву зиракӣ, барои такмил додани дониш, омӯзиши силоҳ, технологияҳои нав ва садоқату эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ҳидоят намуд.
Барои ноил гаштан ба комёбиҳо дар тайёрии ҷангӣ, самти корҳои сиёсӣ - тарбиявӣ, хизмати қӯшунҳо ва бехатарии хизмати ҳарбӣ дар соли хониши 2022 дар байни ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ ҷойҳои ифтихорӣ чунин муайян карда шуд:
- қисми ҳарбии 051052 сазовори ҷои якум дониста шуда, бо “Байрақи Сайёр” ва тӯҳфаи қиматнок - «Телевизор» сарфароз гардонида шуд.
- қисми ҳарбии 051060 сазовори ҷои якум дар байни баталёнҳо дониста шуда, бо “Байрақчаи Сайёр” ва тӯҳфаи қиматнок – «Маркази мусиқӣ» сарфароз гардонида шуд. Бо ҳамин тартиб шуъбаи беҳтарин, гурӯҳ, рота, взвод, отделенияи беҳтарин бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
430 Ҳамчунин барои иштироки фаъолона, нишон додани маҳорати баланди касбӣ, ноил гаштан ба комёбиҳо дар мусобиқаи зеҳнӣ - ҳарбӣ дар байни командирони ротаҳо, взводҳо ва сержантони қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ, иштирокчиёни мусобиқаҳо ҳавасманд гардонида шуданд. Аз ҷумла, барои ишғол намудани ҷойи 1-ум дар байни командирони ротҳо, капитани гвардия Одиназода Эмомалӣ Қурбоналӣ, командири ротаи қисми ҳарбии 051059 бо телевизор, барои ишғол намудан ҷойи 1-ум дар байни командирони взводҳо, лейтенанти гвардия Саидзода Меҳроб Давлатшоҳ, аз қисми ҳарбии 051059 бо DVD сарфароз гардонида шуданд.
430 Бо фармони фармондеҳи Гвардияи миллӣ хизматчиёни ҳарбии тибқи даъват барои ноил гаштан ба нишондодҳои баланд дар самти тайёрии ҷангӣ дар соли хониши 2022 бо “Ифтихорнома”, “Соати ҷашнии Гвардияи миллӣ”, “Мактубҳои миннатдорӣ ба волидон” ва нишонҳои сарисинагии варзишӣ (дараҷаи 3) ҳавасманд гардонида шуданд.
Дар охир фармондеҳи Гвардияи миллӣ маҷлисро бо суханони роҳнамои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Паёми навбатӣ ба Маҷлиси Олии Тоҷикистон, ки 23 декабри соли 2022 ироа гардида буд, ҷамъбаст карданд: «Ҳар яки мо бояд минбаъд низ мафҳумҳои «ватандӯстӣ» ва «рушд»-ро шиори кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳем» ва вазифаҳои базиммадоштаамонро сарбаландона иҷро намоем.


Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ ҶТ



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.