Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мусобиқаи зеҳнӣ-ҳарбӣ

Нимаи аввали моҳи ноябри соли равон иштирокчиёни мусобиқаи зеҳнӣ-ҳарбӣ дар қисми ҳарбии 051064 Гвардияи миллӣ ҷамъ омаданд. Пеш аз оғози мусобиқа мушовири фармондеҳи Гвардияи миллӣ генерал-майори мустаъфӣ Қалъадор Бақоев шартҳои асосӣ ва мақсади баргузории мусобиқаро тибқи низомномаи тасдиқгардида манзури ҳозирин намуд. Дар асоси талаботи низомнома мусобиқаи зеҳнӣ-ҳарбӣ дар байни командирони отделенияҳо, взводҳо ва ротаҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ доир гардид.
430 Баъди фаҳмонидани талаботи нақша, марҳилаи якуми озмун оғоз гардид. Ин марҳила муайян намудани сатҳи донишҳои назариявии командиронро дар бар гирифта, тариқи тестӣ сурат гирифт. Дар байни командирони ротаҳо ҷойи якумро капитани гвардия Одиназода Эмомалӣ - командири ротаи қисми ҳарбии 051059, байни командирони взводҳо бошад лейтенанти гвардия Саидзода Меҳроб аз қисми ҳарбии 051059 ва дар байни сарбозон, сержанти гвардия Ҷӯраев Мусулмонбек ва сержанти хурди гвардия Мариншоев Ваҳдатшоҳ аз қисми ҳарбии 051052 ишғол намуданд.
Марҳилаи дуюми озмун ба қисмҳои нопура ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳи штатии АК-74 ва пулемёти Калашников буд, ки аксари иштирокчиён онро дар муҳлати муқарраршуда иҷро намуданд. Баъзе аз командирин бошанд ин амалро пеш аз меъёр иҷро карда тавонистанд. Дар натича ҷойи якумро дар байни командирони рота капитани гвардия Ғайратзода Бахтиёр аз қисми ҳарбии 051052, дар байни командирони взводҳо лейтенанти калони гвардия Раҳимзода Меҳроҷиддин аз қисми ҳарбии 051064, ва дар байни командирони отделенияҳо бошад сержанти гвардия Ғафуров Акрам ва сержанти гвардия Юнусов Сомон аз қисми ҳарбии 051059, сазовор гардиданд.
Дар даври сеюм донишу малакаи касбии командирон дар мавзӯи ташкил ва гузаронидани варзиши пагоҳирӯзӣ ва иҷрои машқи №6, яъне турниккашӣ санҷида шуд. Дар натиҷа, ҷойи аввалро дар байни командирони рота капитани гвардия Одиназода Эмомалӣ, аз қисми ҳарбии 051059, байни командирони взводҳо капитани гвардия Тоҷиддинзода Эмомалӣ, аз Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ва дар байни сержантон сержанти гвардия Ғафуров Акрам ва сержанти гвардия Юнусов Сомон аз қисми ҳарбии 051059 сазовор шуданд.
Дар марҳилаи чорум иҷрои машқи №1 тирпарронӣ дар тири электронӣ аз АК-74 гузаронида шуд. Дар ин марҳила ҷойи аввалро дар байни командирони ротаҳо капитани гвардия Одиназода Эмомалӣ, аз қисми ҳарбии 051059, байни командирони взвод бошад лейтенанти гвардия Саидзода Меҳроб, аз қисми ҳарбӣ 051059 ва байни командирони отделения сержантон аз қисми ҳарбии 051059 ишғол намуданд.
430 Баъди баҳогузории ҳайати ҳакамон дар байни командирони ротаҳо ҷойи яумро капитани гвардия Одиназода Эмомалӣ аз қисми ҳарбии 051059, ҷойи дуюмро капитани гвардия Ғайратзода Бахтовар аз қисми ҳарбии 051052 ва ҷойи сеюмро лейтенанти калони гвардия Эмомзода Эмомалӣ, аз қисми ҳарбии 051055 сазовор гардид.
Байни командирони взводҳо бошад ҷойи яумро лейтенанти гвардия Саидзода Меҳроб аз қисми ҳарбӣ 051059, ҷойи дуюмро капитани гвардия Тоҷиддинзода Эмомалӣ, аз Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддир ва ҷойи сеюмро лейтенанти калони гвардия Раҳимзода Меҳроҷиддин аз қисми ҳарбии 051064 соҳиб гардиданд.
Дар байни командирони отдиленияҳо ҷойи якумро сержанти гвардия Ҷӯраев Мусулмонбек ва сержанти хурди гвардия Мариншоев Ваҳдатшоҳ аз қисми ҳарбии 051052, ҷойи дуюмро сержанти гвардия Ғафуров Акрам ва сержанти гвардия Юнусов Сомон аз қисми ҳарбии 051059 ва ҷойи сеюмро сержанти гвардия Холиқов Наҷиббуло ва сержанти хурди гвардия Дӯстмамадов Хурсанд аз қисми ҳарбии 051064 соҳиб шуданд.
Мақсад аз гузаронидани чунин чорабиниҳо баланд бардоштани савияи дониш, маҳорати касбии командирони сатҳу зинаҳои гуногун ва инкишофи ҳаматарафаи онҳо баҳри адои вазифаҳои хизматӣ мебошад.



“Родмардон”



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.