Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мусобиқаи дӯстона миёни хонандагону сарбозон

Имрӯз дар қисми ҳарбии 051054-и Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозии волейбол байни сарбозони қисми ҳарбии мазкур ва хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №112 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳои варзишӣ баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии наврасону ҷавонон, шавқманд гардидани онҳо нисбат ба варзиш, ошноӣ пайдо намудани онҳо аз шароити майдончаҳои варзишӣ, майдончаҳои тамрини сарбозон ва дилгарм намудани онҳо нисбат ба хизмати Модар-Ватан мебошад.
130 Мусобиқаи дӯстонаи мазкур дар рӯҳияи баланди варзишӣ баргузор гардид, ки ҳарду даста талош варзида, барои ғолиб омадан, кӯшиш менамуданд. Мусобиқаро тамошо ва кафкубиҳои сарбозон барои ҳарду даста қувваву неруи дигар мебахшид.
Бояд ёдрас шуд, ки хонандагони МТМУ№112 ба наврасиашон нигоҳ накарда талош менамуданд, то рақобатро ба нафъи хеш анҷом диҳанд. Аммо то андозае, ки сарбозони қисми ҳарбии 051054 аз нигоҳи синну сол ва маҳорати варзишӣ обу тоб ёфта буданд, дар се давр низ ғолиб омаданд. Ҳадаф дар чунин мусобиқаҳои дӯстона пирӯзӣ набуда, балки ҷалби сарбозон, ҷавонону наврасон ва густариш додани робитаи миёни онҳо ба василаи мусобиқаҳои варзишӣ мебошад.
Ёдовар мешавем, ки чунин мусобиқаҳову ошноӣ пайдо намудани хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи шаҳри Душанбе бори аввал набуда, балки барои бохабар гардидани ҷавонону наврасон аз будубоши сарбозон пайваста сурат мегирад, ки онҳо ба қисмҳои ҳарбӣ ташриф меоранд. Бо ин васила боварӣ ҳосил намудан мумкин аст, ки дар оянда наврасону ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ифтихори миллӣ ва муҳофизони фардо кишвар ба воя мерасанд.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.