Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ғолибони мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ муайян шуданд

130 Тавре қаблан иттилоъ дода будем ба муносибати сазовор таҷлил намудани ҷашни Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз намуди футбол, волейбол, турниккашиву дастхобонӣ, давидан ба масофаи 100м, шоҳмот, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳи оташфишони АК-74, гулӯлабардорӣ, такя бо дастон ва тениси рӯи миз байни дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ гузаронида шуд. Ҳайати варзишгарони ҷузъу томҳо барои ба даст овардани ғолибият дар байни дастаҳои варзишӣ саъю кӯшиш намуданд. Дар натиҷа баъди рақобатҳои ҷолибу диданӣ дастаҳои ғолиб муайян гардиданд.
Аз рӯи ҷамъбасти умумии мусобиқаҳо ва холҳои бадастовардаи варзишгарон дастаи қисми ҳарбии 051062 ҷойи якум, дастаи қисми ҳарбии 051052 ҷойи дуюм ва дастаи қисми ҳарбии 051054 ҷойи сеюмро ишғол намуданд.
130 Ҳамчунин, байни бонувон-хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ мусобиқаи тирпаронӣ аз силоҳи оташфишони автомати Калашников доир карда шуд. Мусобиқаи тирпарронӣ дар Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухаддири Гвардияи миллӣ тибқи низомномаи мусобиқа сурат гирифт. Дар мусобиқаи мазкур бонувон-хизматчиёни ҳарбӣ, ки аксарият дар фаъолияти хизматӣ маҳорату малакаи ҳарбӣ касб кардаанд, бори дигар ҳунари воло, қобилияти баланди тирпаронии худро нишон доданд. Воқеан, аксарият дар тирандозӣ баҳои арзандаро сазовор гардиданд.
Дар байни бонувон-хизматчиёни ҳарбӣ майори гвардия Холиқзода Гулина, афсари бойгонии Раёсати корҳои фармондеҳӣ бо гирифтани холи бештар тирандози беҳтарин муаррифӣ шуда, сазовори ҷойи аввал гардид. Ҷойи дуюм насиби подполковники гвардия Наврӯззода Гулчеҳра, сардори шуъбачаи коргузорӣ гардид. Ҷойи сеюмро сарбози қатории гвардия Очилова Раҷабгул, коргузори қисми ҳарбии 051054 ишғол намуд.
Ғолибони мусобиқаҳои ҳарбӣ - варзишӣ бо Ифтихорнома аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тӯҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.