Яке аз рамзҳои ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ баргузор намудани сабқатҳои паҳлавонӣ ва ҳарбӣ-варзишӣ мебошад, ки ҳар сол дар Гвардияи миллӣ бо шукӯҳ ва омодагии ҷиддӣ аз ҷониби хизматчиёни ҳарбӣ истиқбол карда мешавад. Ҳарчанд ташкил намудани чорабиниҳои мазкурро Раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ ба уҳда дорад, нафари масъули мусобиқаҳои варзишӣ подполковники гвардия Яқубзода Батир-сардори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши раёсат мебошад.
Дар асоси фармоиши фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ аз 10 то 21 - уми марти соли 2026 идома меёбанд, ки дар он дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ байни ҳам дар намудҳои гуногун қувваозмоӣ мекунанд.
Рӯзи аввали мусобиқаҳо сардорони дастаҳо ва мураббиён аз омодагии ҳамаҷонибаи иштирокчиён гузориш доданд. Қабл аз оғози мусобиқаҳо сардори тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Раёсати тайёрии ҷангӣ ҳайати дастаҳоро доир ба ҳолат, шартҳо ва талаботи низомномаи мусобиқа бори дигар шинос намуда, аз ҳар кадом риояи онҳоро талаб намуд.
Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол оғоз гардиданд, ки бо тарзи қуракашӣ дастаҳо бо ҳам бозиҳои ҷолибу диданӣ анҷом доданд. Дар ин мусобиқа дастаҳои қисми ҳарбии 051052 ва 051059 ба финали бозӣ баромада, барои ба даст овардани ҷойи якум рақобат намуданд. Дар ниҳоят, волейболбозони қисми ҳарбии 051052 бо ҷаҳду талоши бештар ғолиб баромаданд. Мусобиқаҳои дигар аз намуди футбол, дав ба масофаи 100м, турниккашӣ, гулӯлабардорӣ, шоҳмот, дастхобонӣ, ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ кардани силоҳ, тирпарронӣ, бандкашӣ ва гӯштини миллӣ муташаккилона ҷараён дошта, то баргузории ҷашни Наврӯзӣ идома меёбанд.
Хизматчиёни ҳарбӣ барои ноил гардидан ба комёбӣ ва пирӯзии дастаи варзишии қисми ҳарбии худ талош дошта, дар раванди баргузории мусобиқаҳо фаъолона иштирок доранд. Ғолибони мусобиқаҳо ва дастаҳои беҳтарин дар рӯзи таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ аз тарафи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ бо «Ҷом», ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Родмардон