Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мусобиқаҳои варзишӣ – анъанаҳои наврӯзӣ


Бо мақсади тарғиби анъанаҳои наврӯзӣ ва боз ҳам баланд бардоштани маҳорати ҷисмониву ҷангии хизматчиёни ҳарбӣ бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмиллалӣ мусобиқаҳои варзишӣ барои дарёфти Ҷоми Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд. Мусобиқаҳо бо баргузор намудани ҷамъомади тантанавӣ оғоз гардида, шарту макон ва тартиби гузаронидани онҳо аз ҷониби Раёсати тайёрии ҷангӣ ва сармураббиён ба дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбӣ расонда шуд. Мусобиқаҳо аз намуди футбол оғоз гардида, баъдан афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбии Гвардия дар намудҳои валейбол, гуштингирӣ, турниккашӣ, гулулабардориву давидан ба масофаҳои гуногун, шоҳмот ва ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудану тирпарронӣ аз силоҳи гуногун қувваозмоӣ намуда, сабқатҳои ҷолибу шавқовари варзиширо доир намуданд.
130 Бозии валейбол дар қисмҳои ҳарбӣ дар машғулиятҳои варзишӣ пайваста ба таври мусобиқа гузаронда мешавад ва афсарону сарбозон хеле бомаҳорату ҷолиб бозӣ мекунанд. Ҳарчанд дастаҳои волейбол аз қисмҳои ҳарбии 051062 ва 051059 фаъолона ширкат доштанд, вале ҷойи якумро қисми ҳарбии 051052 ишғол намуд. Соли сеюм аст, ки дастаи волейболи қисми ҳарбии 051052 ҷойи аввалро соҳиб мешавад.
130 Турниккашиву гулулабардорӣ барои хизматчиёни ҳарбӣ меъёрҳои ҳамарӯзаи варзишианд. Вале то 100 ва 140 маротиба бардоштани гулула ва боло шудан дар турник на танҳо натиҷаи машқу тамрин, ҳамчунин аз иродаи қавӣ ва нерумандии бозу вобастагӣ дорад. Дар ин намуди мусобиқа афсарони қисми ҳарбии 051054 ғолиб омаданд.
130 Дар мусобиқаи дастхобонӣ бошад касе ба сержанти хурди гвардия Хусрав Исмоилзода баробар шуда натавонист. Сержанти мазкур бо ҳунару қобилияти варзишии худ хеле чолоконаву моҳирона ҳарифонро пайиҳам мағлуб карда, боз ҳам дар варзиш пешсаф будани қисми ҳарбии 051054 -ро тасдиқ намуд.
Яке аз нафароне, ки боиси комёбиҳои қисми ҳарбии 051062-ро дар мусобиқаҳои варзишӣ гардид, прапоршики гвардия Муслиҳиддин Алиҷонзода мебошад, ки дар ду намуди варзиш иштирок намуд ва дар ду ҳолат ҳам соҳиби ҷойи аввал гардид. Дар мусобиқаи давидан ба масофаи 100 метр, дар 12 сония ва такя бо дастон, яъне отжимание Муслиҳиддин бо ғайрату чолокӣ қисми ҳарбиро ҳамчун яке аз дастаҳои ғолиб муаррифӣ кард.
130 Футбол дар байни ҳайати шахсӣ ҳаводорони зиёд дорад, аз ин ҷост, ки бештари сарбозону афсарон аз қисмҳои ҳарбӣ ба ин намуди варзиш номнавис шуда, қисми дигар бо шавқ мухлисӣ намуданд. Ин мусобиқа миёни афсарону сарбозони қисмҳои ҳарбӣ хеле ҷолибу хотирмон идома ёфт. Дар ниҳоят дастаҳои қисми ҳарбии 051055 ва 051062 ба финал баромада, барои ба даст овардани ҷойи аввал мубориза бурданд. Бо ҳисоби 4:2 дастаи футболи қисми ҳарбии 051062 ғолиби мусобиқа дониста шуд.
Дар мусобиқаи шоҳмот бошад қобилияти зеҳнӣ ва ҳадафмандона пеш рафтан муҳим аст ва касро ба пирӯзӣ мебарад. Подполковники гвардия Ҷовидон Абдулакимзода аз қисми ҳарбии 051052 тавонист, ки дар байни ҳамтоён муваффақият бадаст оварад.
130 Ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ кардани автомати Калашников шарти дигари мусобиқаи наврӯзи буд. Гарчанде ҳамаи иштирокчиёни мусобиқа тибқи меъёр силоҳро ба қисмҳои нопурра ҷудо ва ҷамъ карда тавонистанд, вале сержанти хурди гвардия Машҳур Худоиев, аз қисми ҳарбии 051064 дар мудати 24 сония силоҳро ба қисмҳои нопурра ҷудо ва хам ҷамъ карда тавонист.
Тирпаронӣ аз силоҳи гуногун даври ниҳоии мусобиқаҳои варзишӣ буд, ки дар машқгоҳи саҳроӣ баргузор гардид. Хизматчиёни ҳарбӣ бори дигар маҳорату малакаи касбии хешро ба таври амалӣ нишон доданд. Дар ин мусобиқа бо гирифтани 77 хол сарбози қатории гвардия Исмоил Шофозилов аз қисми ҳарбии 051064 бартарӣ нишон дода, ғолиби ин намуди чорабинӣ дониста шуд.
130 Мусобиқаҳо 15 марти соли 2025 ҷамъбаст гардиданд. Аз рӯи холҳои умумӣ ҳакамон ҷойи якумро ба қисми ҳарбии 051054, ҷойи дуюму сеюмро ба дастаҳои варзишии қисмҳои ҳарбии 051062 ва 051052 сазовор донистанд.
Ғолибони мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ чун ҳамасола дар ҷашни Наврӯзии гурдон бо Ҷом, медалу ифтихорнома ва тӯҳфаҳои арзанда аз номи Фармондеҳи Гвардияи миллӣ сарфароз гардонида шуданд.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.