Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

ВАРЗИШ - ОМИЛИ МУТТАҲИДӢ ВА РАФОҚАТУ ҲАМБАСТАГӢ

130 Аз санаи 12-уми марти соли равон мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ миёни хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бахшида ба сазовор таҷлил намудани Наврӯзи байналмилалӣ оғоз гардид. Кушодашавии мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ дар майдони баргузории чорабиниҳои тантанавии гвардия яъне қисми ҳарбии 051055 бо иштироки ҳайати роҳбарикунандаи Гвардияи миллӣ, роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҳизби халкқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ва варзишгарони ҷузъу томҳо сурат гирифт.
130 Дар оғози чорабинӣ полковники гвардия Собириён Муҳаммаднаим, муовини Фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ ба сухан баромада ба ҳамаи варзишгарон ҷиҳати фаъолона иштирок намудан дар мусобиқаҳо ва ба ин васила саҳм гузоштан дар яке аз анъанаҳои неки Наврӯзӣ комёбиҳои варзиширо таманно намуд. Қайд гардид, ки варзиш-омили муттуҳидӣ ва василаи муҳими рафоқату ҳамбастагӣ мебошад. Агар дар мусобиқаҳои варзишӣ рақибон муқобили ҳамдигар истодагарӣ кунандҳам, вале мақсади асосӣ рафоқату дустӣ ва баланд бардоштани маҳорату малакаи варзишӣ дониста мешавад. Ҳамчунин дар кушодашаии мусобиқаҳои ҳарбӣ-варзишӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҳизби халкқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе Ҳабибзода Зоир низ ҳайати шахсии иштирокдоронро ба омадани ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ ва дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаҳо табрик намуд.
130 130 Қобили зикр аст, ки Кумитаи иҷроияи ҳизби халкқии демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дар ҳамкори бо Раёсати тайёрии ҷангии фармондеҳӣ дар баргузории чорабиниҳои варзишии хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
130 Мусобиқаҳои варзишӣ аз намуди волейбол, футбол, шоҳмот, такя бо дастон, турниккшиву дастхобонӣ, гулӯлабардорӣ, ба қисмҳо ҷудо ва ҷамъ намудани силоҳ ва тирпаронии электронӣ баргузор гардида, то санаи 16-уми март идома меёбанд. Ҷамъбасти мусобиқаҳо ва ғолибон дар рӯзи баргузории Наврӯзи байналмилалӣ муайян карда мешавад.
Ғолибони мусобиқаҳои варзиширо тӯҳфаҳои арзанда интизоранд.
Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.