Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Раванди амалисозии нақша- чорабиниҳо дар Гвардияи миллӣ

130 Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти номатлуб аз қабили терроризму ифротгароӣ коррупсия низ ҳамчун масъалаи мубрам ва доғи рўз арзи ҳастӣ дорад. Ҳамчун хатари ҷиддӣ ба яке аз масъалаҳои ташвишовар ва муаммои душвори замони муосир мубадал гардидааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи муносибатҳои байналмилалӣ хатари нангини коррупсия ва хавфу оқибатҳои онро дарк намуда, аз рўзҳои аввали соҳибистиқлолӣ мубориза бар зидди коррупсияро яке аз самҳои муҳимтарин ва афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор додааст. Дар самти муқовимат бар зидди коррупсия ва ҷиҳати паст кардани шиддати он ҳамаҷониба чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.
Воқеан, сатҳи муқовимат ба коррупсия дар ҳар як кишвари ҷаҳон аз сиёсати зиддикоррупсионии худ вобастагии амиқ дорад. Дар сиёсати зиддикоррупсионии кишвар дар баробари қабули қонуну таъсиси шўроҳо ҳамчунин, се маротиба стратегияҳои муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012, 2013-2020 ва барои давраи то соли 2030, таҳия ва амалӣ карда шуд. Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025) дар саросари кишвар амалӣ гаштаистодааст. Албатта, амалӣ гардидани стратегияи мазкур пеш аз ҳама аз ҳамоҳангии сохтору идораҳо ва иштироки аҳлонаи қишрҳои фаъоли ҷомеа вобатагии калон дорад.
Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати зиддикоррупсионии кишварро дар мадди аввал ҷонибдорӣ намуда, вобаста ба амалӣ гардидани ҳадафҳо дар ин самт ҳамасола корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонад. Аз ҷумла, соли равон фармони Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 уми январи соли 2024 дар бораи тасдиқи Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, марҳилаи якум (солҳои 2021-2025), баҳри дар амал иҷро намудани талаботи он дар ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ ба имзо расонида шуд. Алакай дар асоси фармони мазкур масъулини Гвардияи миллӣ Нақшаи чорабиниҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025 вобаста ба стратегияи мазкур ва барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсиониро омода карда, барои корбарӣ интишор намуданд.
Нақшаи чорабиниҳои Гвардияи миллӣ барои солҳои 2024-2025 бандҳои зиёдеро дарбар гирифта, дар он вазифаҳои муҳиму саривақтӣ ба масъулини раёсату шуъбаҳо ва ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳо вогузор карда шудааст.
Барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ бошад, фарогири мафҳумҳои коррупсия, қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, қабули Стратегияи муқовимат ба коррупсия буда, инчунин чораҳои иҷтимоию иқтисодии пешгирии коррупсия, чораҳои ташкилию ҳуқуқии мубориза бо коррупсия буда, иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар мубориза бо коррупсия низ дарҷ гардидааст. Вазифаҳои асосии барнома аз таъмини ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайринизомии Гвардияи миллӣ аз коррупсия, пешгирӣ, ошкор ва барҳам додани ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ иборат мебошад. Баланд бардоштани сатҳи муқовимат ба коррупсия, ташаккули ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар байни ҳайати шахсӣ ва суръатбахшии фаъолияти зиддикоррупсионӣ, вусъат додани ҳамкориҳо бо дигар мақомот дар самти муқовимат бо коррупсия ва баланд бардоштани обрўю нуфузи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ҷомеа аз татбиқи барномаи дохилиидоравии зиддикоррупсионӣ мебошад, ки давра ба давра амалӣ карда мешавад.
Коррупсия-кирдори шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё ба онҳо баробаркунанда мебошад, ки имкониятҳои онро бо мақсади ба манфиати худ ё шахсони дигар ба даст овардани неъматҳои моддӣ ва ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигари дар қонунҳо пешбинишуда, истифода мебаранд.
Капитани гвардия
Неъматуллои Холиқ

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.