Ҳимояи Ватан-муҳимтарин рисолати ҷавонмардӣ
20-уми ноябри соли равон ба ифтихори сазовор ҷашн гирифтани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон-Сарпрокурори ҳарбӣ генерал-лейтенанти адлия Ҳаётзода Фирдавс ва Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Бобоҷон Ҷамолзода бо хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ, ки дар гарнизони шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд, суҳбату вохӯрӣ анҷом доданд. Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахуст ҳайати шахсии афсарону сарбозонро ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз муҳимтарин ҷашнҳои таърихиву пурифтихори давлатдории миллӣ дониста мешаванд, табрику шодбош намуданд. Зикр намуданд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати дурандешона ва заҳматҳои шабонарӯзӣ тавонист, ки Тоҷикистони тозаистиқлолро аз вазъияти ноором ва даргириҳои сиёсӣ раҳо сохта, тамоми пояҳои давлатдориро аз нав созмон диҳанд ва дар маҷмӯъ ҳамин шуд, ки мардуми сарбаланди тоҷик ба ин рӯзҳои нек расиданд. Ҳамчунин, иброз доштанд, ки барои ҳар як фарди баору номуси диёр мояи ифтихору сарфарозӣ аст, ки чунин Ватани соҳибихтиёру соҳибистиқлол ва орому осударо дорем ва месазад, ки ҳар яки мо баҳри ободу зебо гардонидани Ватан, дар амал тадбиқ намудани ташаббус ва ҳадафҳои роҳбарияти олии кишвар саҳми арзанда гузорем.
Сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти адлия Ҳаётзода Фирдавс дар идомаи вохурӣ бо хизматчиёни ҳарбӣ диққати асосиро ба риояи даққиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо, риояи талаботи оинномаҳои умумиҳарбӣ ва вазъи интизоми ҳарбӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи ҳайати шахсӣ равона намуданд. Қайд карданд, ки хизмати ҳарбӣ-бузургтарин мактаби мардонагӣ, дӯстиву рафоқат ва обутоби ҷисму руҳ барои хизматчиёни ҳарбӣ мебошад. Аз ин рӯ, хизматчиёни ҳарбӣ бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, садоқат ба Савганди ҳарбӣ, ба Президент ва халқи бузурги тоҷик вазифаи мураккабу пурифтихори ҳарбиро сарбаландона ба ҷо оварда, ба боварии ҳамешагии Пешвои миллат сазовор бошанд. Зеро Пешвои миллат-Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба афсарону сарбозони далеру шуҷои кишвар эътимоди калон дошта, Артиши миллиро сипари боэътимоти давлат меноманд.
Сарпрокурори ҳарбӣ ҳамзамон ҳолати кунунии инзоми ҳарбӣ, қонунвайронкунӣ дар ҷузъу томҳо ва роҳҳои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳаргуна ҳаракатҳои тундгароро мавриди таҳлил ва муҳокима қарор дода, таъкид намуданд, ки ҳар як хизматчии ҳарбӣ сар карда аз сарбози қаторӣ то афсари олирутба бояд пеш аз ҳама ҳушёрӣ ва зиракии сиёсиро аз даст надода, дар иҷрои уҳдадориҳои хизматӣ устувор бошад ва баҳри ҳифзу мудофиаи Ватан камари ҳиммат бандад. Зеро хизмати ҳарбӣ-муҳимтарин рисолати ҷавонмардӣ ва вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ аст.
Майори гвардия Неъматуллои Холиқ