Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Идомаи тантанаҳои ҷашни 30-солагии Гвардияи миллӣ


130 Имрӯз дар идомаи фазои идона ва тантанаҳои ҷашнӣ дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055 ҳайати шахсии Гвардияи миллӣ саф оростанд. Фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники гвардия Ҷамолзода Бобоҷон иштирокчиёни Паради ҳарбиро бори дигар ба ҷашнҳои бузурги миллӣ табрик намуда, барои иштироки фаъолона дар Паради ҳарбӣ «раҳматнома» эълон намуданд. Қобили зикр аст, ки ба муносибати ҷашни 34 - умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон як гурӯҳ хизматчиёни ҳарбӣ барои хизмати шоиста, нишондодҳои намоён дар тайёрии ҷангӣ ва саҳми арзанда дар фаъолияти ҳамарӯзаи хизмати ҳарбӣ аз номи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ гардида, ба гурӯҳи дигар рутбаи навбатии ҳарбӣ-полковники гвардия дода шуд.
130 Ҳамчунин, афсарону прапоршикон, сержантон ва сарбозони гвардия бо медалҳои ҷашнӣ, ифтихорнома ва мактубҳои миннатдорӣ аз номи фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бояд қайд намоем, ки дар пайравӣ ба сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизмати софдилонаву содиқона ба Ватан ва халқи бузурги тоҷик ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти Гвардияи миллӣ дастгирӣ ва қадрдонӣ карда мешавад.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.