Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мукофоти давлатӣ муборак!

130 30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 32-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба намояндагони касбу кори гуногун, инчунин роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии мамлакат, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатӣ, унвону ҷоизаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбӣ супориданд.
Дар ин миён барои хизмати шоиста, нишондодҳои баланд дар тайёрии ҷангӣ ва иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ 16 нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ бо медали «Ҷасорат» ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
130 Аз ҷумла, бо медали «Ҷасорат»:
подполковники гвардия Юсуфзода Амруддин Мухтор аз қисми ҳарбии 051052; подполковники гвардия Саидзода Қурбоналӣ Саид аз қисми ҳарбии 051053; подполковники гвардия Зарифзода Зариф Ёрмурод аз қисми ҳарбии 051054; подполковники гвардия Саидзода Ҳамзаалӣ Маҳмуд; майори гвардия Нурзода Дўстмурод Қарахон аз қисми ҳарбии 051055; майори гвардия Ғафорзода Миралӣ Файзалӣ аз қисми ҳарбии 051056; подполковники гвардия Имомзода Давлаталӣ Имом, подполковники гвардия Сабзазода Ҳасан Маҳмадраҷаб, майори гвардия Набизода Парвиз Сафаралӣ,майори гвардия Юсуфзода Умед Маҳмуд аз қисми ҳарбии 051057; подполковники гвардия Худоёрзода Эралӣ Худойбердӣ аз қисми ҳарбии 051059; подполковники гвардия Бозорзода Амриддин Бозор, подполковники гвардия Раҷабализода Баҳром Раҷабалӣ аз қисми ҳарбии 051063.
130 Бо ифтихорномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
Майори гвардия Файзализода Муҳаммад Файзалӣ аз қисми ҳарбии 051055; капитани гвардия Идизода Аҳмадҷон Маҳмудхуҷа аз қисми ҳарбии 051060 ва Ҳокимзода Шеравган Ҳоким аз қисми ҳарбии 051063. Дар арафаи ҷашни бузурги миллӣ- Истиқлоли давлатии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардондани намояндагони касбу кори гуногун, аз ҷумла хизматчиёни ҳарбӣ нишони қадршиносии Ҳукумати мамлакат, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.