Дар Гвардияи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Модар чорабинии тантанавӣ баргузор гардид, ки дар он фармондеҳи Гвардияи миллӣ иштирок карда, хизматчиёни ҳарбӣ-занон ва кормандони ғайринизомиро ба Рӯзи Модар муборакбод намуданд. Ба онҳо дар хизмати ҳамарӯза садоқат, комёбӣ, дар зиндагӣ саодату иқболи баланд ва дар тарбияи фарзандон масъулияти баланду комёбиҳои беназир таманно карданд. Дар идомаи суҳбат таъкид намуданд, ки «Модар азизтарин вуҷуди рӯи Замин мебошад ва зиндагӣ аз нафаси гарму дилнавози ӯ оғоз мегирад. Мо вуҷуди муқаддаси Модарро аз аввалин лаҳзаҳои ҳаёт то дами вопасин фаромӯш намекунем, чун ӯ ҳангоми шодиву нишот ва ғаму андӯҳи зиндагӣ ҳамеша ҳамроҳи мост».
Бо суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оғоз шудани нутқи табрикии фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Ҷамолзода Бобоҷон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар бесабаб набуд. Зеро дар ҳама давраҳои таърих, аз ҷумла шӯравӣ нисбати модарон, бонувони тоҷик ҳамин андоза ғамхориву дастгирӣ ва қадрдонӣ зоҳир нагардидааст, чуноне ки имрӯз дар сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дорад. Ин ҳам бошад бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои муаззами миллат амалӣ шуд: 8 март дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи Модар ҷашн гирифта мешавад. Бо мақсади баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, ба вазифаҳои роҳбарӣ таъин намудани онҳо, ҳимояи ҳуқуқу, озодӣ, беҳтар намудани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва дигар манфиати онҳо тадбирҳои зиёд андешида шудааст.
Дар Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон занону бонувони зиёд фаъолият мекунанд, ки вазифаҳои пурмасъули давлатиро ба зимма доранд. Хизмати пурсамари онҳо дар фармондеҳии Гвардияи миллӣ, қисмҳои ҳарбӣ ва тамоми ҷузъу томҳо қобили таваҷҷуҳ ва дастгирӣ мебошад. Занону бонувон дар коргузорӣ, хизматрасонии тиббӣ, алоқа, молия ва хадамоти ақибгоҳ хизмати назаррас намуда, вазифаҳои хизматии худро саривақту босифат иҷро мекунанд. Фаъолияти онҳо аз ҷониби ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллӣ пайваста дастгирӣ меёбад.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи ГМ ҶТ