Тибқи нақшаи чорабиниҳои асосии раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбии Фармондеҳӣ ба муносибати ҷашни 30-солагии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин муайян намудани сатҳи дониш, маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ-садрнишинон (экипаж) ва ҳавасмандгардонии онҳо барои иҷрои намунавии вазифаҳои хизматӣ 23-25 сентябри соли 2025 озмуни «Механик-ронандаи беҳтарин» дар байни чанде аз қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ гузаронида шуд. Озмуни мазкур дар заминаи қисми ҳарбии 051055 ва Маркази миллии таълимӣ оид ба мубориза бо терроризм ва маводи мухадир, бо иштироки экипажи техникаҳои зиреҳпӯш доир карда шуд.
Интихоби иштирокчиёни озмун ба зиммаи командирони қисмҳои ҳарбӣ вогузор гардид, ки барои ба даст овардани муваффақияти худ беҳтаринҳоро дар ин самт пешниҳод намуданд. Дар натиҷа даҳ экипаж аз қисмҳои ҳарбӣ барои санҷиши дониш, маҳорату малакаи ҷангӣ дар озмун иштирок намуданд. Қобилияти ҷангӣ, саривақт ва моҳирона иҷро намудани шартҳои озмун аз тарафи ҳайати ҳакамон, ки аз ҳисоби афсарони собиқадори хизмати ҳарбӣ-мутахассисони самти техникӣ ташкил гардида буд, баҳогузорӣ карда шуд. Раисии ҳакамонро муовини фармондеҳи Гвардияи миллӣ оид ба аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ генерал-майори гвардия Самарзода Қиёмиддин ба зимма дошт. Ҳамчунин барои баҳогузории амали ҳайати шахсӣ довар ва ёварони ӯ таъин карда шуданд. Довар ва ҳам ташкилкунандаи чорабинӣ подполковники гвардия Ҳасанзода Муҳаммаднабӣ, сардори шуъбаи техникаи зиреҳпӯши раёсати аслиҳа ва техникаи ҳарбӣ буда, амали экипажҳоро аз аввал то охири озмун мушоҳида ва баҳогузорӣ намуд.
Марҳилаи якуми озмун дар заминаи қисми ҳарбии 051055 гузаронида шуд. Иҷрои меъёрҳои тайёрии тактикӣ, техникӣ, тайёрии оташфишонӣ аз шартҳои асосии ин марҳила буданд. Қобили зикр аст, ки дар иҷро намудани шартҳои асосии марҳилаи якум садрнишинони танк МҶП ва МҶЗ-80, аз қисми ҳарбии 051056 хеле фаъолона иштирок карданд. Ҳама ба хулосае омаданд, ки қисми ҳарбии 051056 ғолиби озмун мешавад. Вале ин тавр нашуд.
Марҳилаи дуюми озмун дар Маркази миллии таълимӣ мубориза бо терроризм ва маводи мухадир баргузор гардид. Ҳангоми рондани техникаҳои вазнини ҷангӣ амали экипаж ҳангоми аз ҷой ба ҳаракат даровардан, гузаштани хати монеаҳо, фатҳи монеаҳои минадор, таваққуф дар нишебӣ ва монанди ин амалҳо баҳогузорӣ шуданд. Дар иҷрои шартҳои марҳилаи дуюм ҳайати экипажҳо аз қисми ҳарбии 051055 нисбати ҳамтоёни худ бартарӣ нишон доданд. Афсарон-командирони сатҳу зиннаҳои гуногун баробари иштирокчиёни озмун ташвиш доштанд, ҳатто бо имову ишора, чи тавре ки метавонистанд, кӯмак мекарданд. Вале фоида надошт.
Дар иҷрои машқҳои ронандагӣ дар байни 051055 танкчиён садрнишинон аз қисми ҳарбии 051055, байни мошинҳои пиёданизом (МҶП) садрнишини МҶП аз қисми ҳарбии 051056, байни мошинҳои МҶЗ 80 садрнишини МЗ аз қисми ҳарбии 051054 пешсаф буданд.
Мусобиқа бо кӯшишу ғайрати ҳайати шахсии мошинҳои ҷангӣ хеле ҷолибу диданӣ гузашт. Ғайрату ҷасорати ин диловарон боиси аҳсан ва ифтихор аст. Ҳарчанд аксарият ҳамагӣ 19-20 сол доранд, бо қалби кӯчаку иродаи қавӣ, моҳирона, чусту чолокона аз уҳдаи идораи мошинҳои ҷангӣ баромада тавонистанд. Онҳо бо иҷрои вазифаҳои ҷангӣ нишон доданд, ки барои таъмини амнияти кишвар, ҳимояи манфиатҳои миллату давлат ва мудофиаи Тоҷикистон азиз ҳамеша омодаанд.
Ҳакамону доварон амали ҳайати шахсӣ-экипажҳоро ҳангоми иҷрои марҳилаҳои озмун ҷамъбаст намуда, беҳтаринҳоро муайян намуданд.
Механик ронандаи беҳтарин дар байни садрнишинон сарбози қатории гвардия Буриев Бобур аз қисми ҳарбии 051055, механик ронандаи беҳтарин дар МҶП сарбози қатории гвардия Исломов Муҳаммад аз қисми ҳарбии 051056, механик ронандаи беҳтарин дар МҶП сарбози қатории гвардия Абдураҳмонов Аслиддин аз қисми ҳарбии 051059 дониста шуд.
Дар озмуни мазкур барои саҳми арзанда дар тарбияи экипажи мошинҳои ҷангӣ мураббии беҳтарин капитани гвардия Эмомзода Эмомалӣ, муовини командири баталёни танкӣ, аз қисми ҳарбии 051055 интихоб карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ғолибони озмун дар ҷамъбасти фаъолияти Гвардияи миллӣ дар нуҳ моҳи соли 2025 бо туҳфаҳои таъсисдодаи раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллӣ сарфароз карда мешаванд.
Родмардон