Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мавқеи васоити ахбори омма дар ҷомеаи имрӯза

130 Васоити ахбори омма яке аз манбаъҳое ҳаст, ки тамоми дунёро бо хабару гузоришҳо, барномаву сужетҳо ва бо мақолаву матлабҳои гуногун тариқи телевизиону радио, рӯзномаву маҷаллаҳо ва бо воситаи шабакаҳои умумиҷаҳонии интернет ошно месозад. Бо итминон метавон гуфт, ки имрӯз васоити ахбори омма дар таъмини амнияти иттилоотии ҷомеа як нерӯи таъсиргузор буда, воситаи тавонои ташаккули муносибат, тарғиби арзишҳо ва таблиғи ғояҳо ба шумор меравад. Дар тамоми дунё расонаҳои хабарӣ фавриятро ба кор бурда, аз навгонии илму техника, кашфиётҳои олимону муҳаққиқон, чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ, ҷашну маросимҳои гуногун, ҳодисаву воқеаҳо ва дар умум аз ҷаҳони руйдодҳо хабар медиҳанд. Аммо чизи аз ҳама ташвишовар ин аст, ки имрӯз давлатҳои абарқудрати дунё ба ғайр аз оне ки ҷангҳои мусаллаҳонаро ташкил кардаанд, боз ҷангҳои иттилоотиро низ роҳандозӣ намудаанд.
Ҷангҳои иттилоотӣ бошад, яке аз хатарноктарин ҳолат буда метавонад. Зеро васоити ахбори омма метавонад ба мақсадҳои гуногун хизмат кунад. Аз як тараф, одамонро тарбия карда, ба инкишофи шахсияти ӯ ёрӣ расонида, дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъол буданро омӯзонад. Аз тарафи дигар метавонад, аз ҷиҳати маънавӣ шахсро ғуломи худ гардонад. Маълумоти нодурустро дар мафкураи шахс ҷой намояд, кибру ғурур ва бадбиниро нисбат ба қавму қабилаҳо, миллатҳо ва давлатҳои дунё барангезад, нобоварӣ ва тарсу ваҳмро дар дили шахс ҷой намояд. Бо ин роҳ шахсияти иттилоърасон ҳадафҳои муайяни хешро амалӣ гардонида, мардумро метавонад, гоҳо ба гумроҳӣ барад. Чизи аз ҳама ташвишовар ин аст, ки қариб ҳама хонандаву бинанда ва шунавандаҳои расонаҳо шахсони алоҳида, яъне истифодабарандаву пахшкунандаи иттилоот дар бораи матлаби дастраснамудааш дуруст хулосабарорӣ намуда наметавонад. Яъне аксари вақт дурустии иттилоотро санҷида намебарояд ва ба он зуд боварӣ ҳосил менамоянд, ки ин хеле нигаронкунандааст. Агар ба расонаҳои хабарии кишварҳои абарқудрат назар андозем, мебинем, ки онҳо ҳар яке дар ҷои аввал манфиатҳои давлатдории хешро ҳифз менамоянд. Ба тариқи иттилоот иқтисоду иҷтимоиёт, сиёсат, фарҳанг ва дигар самтҳои давлатдории рақибони давлатҳои хешро бо тариқи иттилоот шикаст медиҳанд. Ширкатҳои тиҷоратӣ низ бо пахши хабарҳои бардурӯғ рақибони тиҷоратии худро ба муфсилшавӣ гирифтор мекунанд. Яъне, як матлаби хурдакак низ қувваи зиёди маънавиро дорост, ки самти фаъолияти ҳар гуна ашхосро метавонад дигар созад. Чизи аз ҳама аҷиб ин аст, ки васоити ахбори омма мардумро аз паси худ мебарад. Яъне, ҳар андешае, ки дар иттилоот ё мақола мавриди таҳлили журналист қарор гирад, аудитория (хонанда, бинанда ва шунаванда) онро ҳамон хел меҳисобад ва дар баҳсҳои идеологӣ низ ҳар он чизеро, ки журналист гуфтааст, ҳамонро афзалтар медонад. Ҳар чанде ки ин гуна руйдодҳо дар расонаҳои Тоҷикистон мушоҳида нагардад ҳам, аммо дар ВАО-и дигар кишварҳо бараъло мушоҳида мегардад. Аз ин лиҳоз, хонандагону бинандагон ва шунавандагони тоҷик, ки дар бораи ин ё он ҳодиса аз шабакаҳои интернетӣ ё худ аз ВАО-и хориҷа маълумот дастрас менамояд, бояд онро дурусту дақиқ санҷанд ва фирефта нагарданд. Маврид ба зикр аст, ки ВАО ба ғайр аз ҳамаи ин боз метавонад дар ташаккул ва ҷаҳонбинии шахс низ таъсиргузор бошад. Андешаи солимро дар дили шахс ҷой намуда, қобилияти фикррониро дигар кунад. Хулоса кардан мумкин аст, ки расонаҳо ҳам ҷиҳатҳои манфӣ ва ҳам ҷиҳатҳои мусбатро дороанд. Яъне, аз худи шахс вобаста аст, ки кадоме аз ҷиҳатҳои ВАО-ро дуруст қабул карда метавонад.
130 Масъалаи дигареро мебояд, зери таваҷҷуҳ қарор дод, ин аст, ки имрӯзҳо ҳатто дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҳастанд шахсони алоҳидае ба қаллобиву мардумфиребӣ ё худ ба мафкурашуӣ машғуланд. Зеро дар бештари вақт дар шабакаҳои интернетӣ аз ҷониби чунин ашхос хабарҳои бардурӯғ, иғвоангез, ваҳмангез ва дур аз ҳақиқати ҳол пахш мегардад. Дар ин бобат бояд ҳар як шахс огаҳ бошад, ба ҳама он чизе ки мутолиа кард, онро зираконаву ҳушёрона хуб таҳлил намуда, ҳақиқати ҳолро пайдо намояд ва ба фиребӣ ҳар шахс гирифтор нагарданд. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ инсонҳое паси телефонҳои мобилӣ ва компютерҳои худ нишаста ба мардум ҷои кор, мукофотҳои пулӣ ё ин ки хонаву мошинҳоро пешниҳод мекунанд, ки шумо бурд кардед ва барои гирифтани мукофоти худ ҳуҷҷатҳои худ ё ин ки як маблағи муайянеро ба мо гузаронед, то мо мукофти худро равон кунем. Ин ашхос мардумро фирефта, маблағҳои онҳоро бо роҳи қаллобӣ ба даст меоранд. Ё ин ки ҷавононро бо ин гуна амалашон ба гурӯҳҳои тундрав ҷалб менамоянд. Таҳлилгарони ин гуна ҳолатҳо ба хулосае омаданд, ки ҷавононро гурӯҳҳои терористиву экстремистӣ маҳз бо шабакаҳои иҷтимоӣ пайдо намуда, онҳоро ба сафҳои худ ҷалб менамояд. Дар робита ба ин такрор ба такрор зикр кардан лозим аст, ки дар истифодаи шакабаҳои иҷтимоӣ ҳар кас бояд хулосаи зарурии хешро барорад ва худрову наздикони худро аз ҳар гуна амалҳо эмин нигоҳ дорад. Алалхусус наврасону ҷавононро, ки бештарашон пайваста аз шабакаҳои иҷтимоӣ истифода мебаранд, бояд зери назорати қатъӣ қарор дод, то ин ки мағзшуӣ нашаванд ва ояндаи дурахшони худро барбод надиҳанд.

Ёқубҷон СУЛТОНАЛИЗОДА
қисми ҳарбии 051054


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.