Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

…Машварат идроку ҳушёрӣ диҳад

Роҳбарияти қисми ҳарбии 051056-и Гвардияи миллӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд махсусан шаҳри Бӯстон, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, аҳли илму адаб ҳамкории мутақобилан судмандро бароҳ монда, бо мақсади баланд бардоштани ҳисси меҳандӯстиву худогоҳӣ, тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ ва аз худ намудани донишҳои нав силсилаи суҳбату вохӯрӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву варзиширо миёни хизматчиёни ҳарбии ҷузъу томҳо доир менамояд. Дар ҳамин радиф, санаи 9 июли соли равон Раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар майдони сафороии қисми ҳарбӣ бо ҳайати шахсии афсарону сарбозон мулоқот доир намуданд.430 Раиси шаҳри Бӯстон ба хизмати содиқонаву софдилонаи афсарону сарбозони шуҷои Ватан, ки дар ҳифзу ҳимояи Тоҷикистони азиз шабзиндадорӣ мекунанд баҳои арзанда доданд. Ва таъкид намуданд, ки ҳар як фарди ватандӯсти диёр бояд дар пешрафту гул-гулшукуфоии ватани маҳбубамон саҳми босазои худро гузорад. Командири қисми ҳарбӣ полковники гвардия Одиназода Абдусалом ба намояндагон барои ташриф ва ироа намудани маърӯзаҳо изҳори сипос намуда, қайд карданд, ки афсарону сарбозони Гвардияи миллӣ вазифаву ӯҳдадориҳои базимадоштаро дар ҳамагуна шароит сарбаландона иҷро мекунанд.
Ҳамчунин 18-уми июл дар қисми ҳарбӣ «Рӯзи дарҳои кушод» дашкил гардид, ки дар ин рӯз гурӯҳи волидони сарбозон ва намояндагон аз мақомоти марбутаи вилоят ва муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳомидиён ташриф оварданд. Намояндагон ва волидони сарбозон аз шароити хизмати ҳарбӣ, синфхонаҳои таълимӣ, майдонҳои сафороиву варзишӣ, ошхона ва ҷойи хоби сарбозон дидан карданд. Албатта, имрӯз шароити хизмат бо дастгириҳои роҳбарияти олии кишвар дар сатҳи хуб қарор дорад. Волидони сарбозон аз буду боши хизмат огаҳи пайдо карда, аз ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба хизматчиёни ҳарбӣ таваҷҷуҳи бештар зоҳир менамояд, хушнуду сарфароз гардиданд.
Ҳафтаи равон дар асоси нақша-чорабиниҳои самти корҳои сиёсӣ тарбиявӣ дар толори қисми ҳарбӣ бо ҳайати шахсии афсарону сарбозон дар мавзӯъи «Терроризму экстремизм ва роҳҳои пешгирӣ аз он» конференсия гузаронида шуд. Дар конференсия сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ намояндагон аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон, бахши кор бо ҷавонони шаҳри Бӯстон ва командири қисми ҳарбӣ иштирок намуданд. Меҳмонон ҳар кадом ба минбар баромада, дар мавзӯъи мазкур маърузаҳои худро ба саъми ҳозирин расониданд. Қайд гардид, ки терроризму экстремизм зуҳуроти номатлуб ва вабои аср дониста шуда, дар саросари ҷаҳон таъсири бади худро расонидааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот тамоми роҳҳоро истифода мебарад. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун субъекти муборизабаранда бар зидди терроризму экстремизм ташаббусҳои зиёд нишон додааст. Сардори бахши ҷавонон дар шаҳри Бӯстон бо таасуф аз руйхати ҷавонони шаҳри Бӯстон, ки бо ақидаҳои заҳрогин махлут шуда, дар давлатҳои ҷангзада иштирок доранд, маълумот дод.
430 Дар суханронии худ сардори шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеаи Гвардияи миллӣ полковники гвардия Комилзода Хайринисо таъкид намуданд, ки авзои ҷаҳони муосир мураккабу ноустувор ва пешгуинашаванда аст. Бархурди манфиатҳо ҷаҳонро то андозае тасхир кардааст… Дар ин гуна вазъ бояд ҳар як фарди бедордил махсусан ҷавонону хизматчиёни ҳарбӣ ҳушёру устувор бошанд. Баҳри амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи давлату ҳукумат ва ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз саҳмгузор бошанд. Ҳар кадом ободиву озодагиро аз остони дари худ оғоз намуда, ҳамеша барои манфиати халқу миллат ва давлати худ кӯшиш намоянд. Зеро пас аз даҳсолаҳо, баъди сад сол ҳам гурезаву беватан дар кадом давлате, ки ҳаст, дар рӯйхати вағайраҳо дохил мешавад.
Дар асоси нақшаи кории масъули корҳои сиёсӣ –тарбиявӣ подполковники гвардия Беҳзод Раҳимзода маълум гардид, ки чунин чорабиниҳо дар қисми ҳарбӣ ва ҷузъу томи он зуд-зуд гузаронида мешаванд.



Капитани гвардия
Неъматуллои Холиқ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.