Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Анҷоми машғулиятҳо – оғози санҷишҳо

130 Дар асоси Нақшаи ягонаи чорабиниҳои асосӣ ва барномаи таълимӣ аксарият ҷузъу томҳои қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ машғулиятҳои назариявиро аз худ карда, айни замон донишҳои андӯхтаи хешро дар машқгоҳи саҳроӣ такмил медиҳанд. Воҳидҳои артиллерӣ ва таъиноти махсуси қисмҳои ҳарбӣ тибқи барномаи таълимӣ дар машқгоҳи саҳроӣ қарор дошта, машғулиятҳои амалии оташфишониро дар ҳайати гурӯҳҳои муттаҳида аз худ мекунанд. Баъди санҷиши маҳорату малакаи ҷангӣ, ки маҷмӯи амалҳоро дар бар мегирад, ҳайати шахсӣ ба қисмҳои ҳарбии худ бармегарданд ва барои санҷиши фаъолият, донишу малакаи андӯхта дар нимсолаи дуюми давраи таҳсил дар соли 2024 омодагӣ мегиранд.
Ҳафтаи равон ҳайати шахсии афсарону прапоршикони раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ низ ба машғулиятҳои амалии тирпарронӣ ҷалб карда шуданд. Дар машқгоҳи саҳроӣ машғулиятҳо аз тақсими нуқтаҳои таълимӣ оғоз гардида, роҳбарони машғулият оид ба риояи чораҳои бехатарӣ ҳангоми муносибат бо силоҳ, муҳимоти ҷангӣ, тайёрии тактикӣ, тайёрии оташфишонӣ ва истифодаи силоҳу муҳиммоти ҷангӣ дастур доданд. Ҳайати шахсии ба машғулиятҳо ҷалбгардида ба ду гурӯҳ ҷудо карда шуда, аз автомати калашников ва туфангчаи макаров машқи амалии тирпарронӣ анҷом доданд. Аксарият хизматчиёни ҳарбӣ тирро ба ҳадаф расонида, баҳои баланд гирифтанд.
Афсарони раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ба ҳайси ҳайати роҳбарикунанда масъулияти таҳияву тарҳрезии барномаҳои таълимӣ, идора кардани ҷузъу томҳо, расонидани ёрии амалӣ, назорату санҷиши фаъолияти доимии ҳайати шахсиро ба ӯҳда доранд. Ҳар кадом дар ташкилу ба роҳ мондани фаъолияти пурсамар дар самтҳои гуногуни хизмат, дар сатҳи баланд нигоҳ доштани омодабошии ҷангии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Гвардияи миллӣ вазифаҳои муайянро иҷро мекунанд. Аз ин лиҳоз, роҳбарияти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба афсарон ҳамчун маҳаки асосии артиш диққати махсус дода, ин масъаларо ҳамчун яке аз вазифаи муҳим мавриди назар қарор додааст ва барои мунтазам такмил додани дониш ва маҳорату малакаи ҳайати шахсӣ пайваста тадбирҳои мушаххас андешида мешаванд.
Қобили зикр аст, ки машғулиятҳои нимсолаи дуюми соли хониши 2024 дар қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллӣ ба анҷом расид. Комиссия, ки аз ҳисоби афсарони ботаҷрибаи раёсату шуъбаҳои фармондеҳӣ ташкил карда шуд, тибқи фармони Фармондеҳи Гвардияи миллӣ аз 15 ноябри соли равон ба санҷиши маҷмӯии фаъолияти қисмҳои ҳарбӣ шурӯъ намуд.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.