Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар атрофи маризии иҷтимоӣ, амиқан коррупсия ва решакан намудани ин зуҳуроти манфӣ дар ҷомеа баромад карда, ҳамчунин ёдрас шуданд, ки “Чунин як падидаи манфӣ ба монанди коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем.”
Омӯзишу таҳлили равандаҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва таърихи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки коррупсия, воқеан метавонад бо тамоми оқибатҳои хатарзояш ба рушду пешравии иҷтимоиву иқтисодии давлат таъсири манфии худро расонад.
Коррупсия ва дигар падидаҳои фасодӣ на танҳо ба давлат, балки барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ошуфтагиҳои ҷиддиро ба миён меоранд. Онҳо бисёр хатаровар маҳсуб ёфта, барои нигоҳдории давлату давлатдорӣ монеаҳои зиёд эҷод менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилиҳои вобаста ба коррупсия диққати махсус дода шуда, як зумра консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои миллӣ ҷиҳати баланд бардоштани сиёсати зиддикоррупсионӣ қабул шуда, корҳои зиёди муштарак байни мақомоти дахлдори давлатӣ иҷро шудаанд.
Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ, шохаҳои ҳокимияти давлатӣ фалаҷ гардида, барои пайдо шудану густаришёбии коррупсия мусоидат намуданд. Ин падида дар ҷанбаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ҷойгоҳ пайдо намуда, намояндагони бархе аз қишрҳои ҷомеа шаклҳои мухталифи истифодабарии мақоми хизматиро дар ин ё он ниҳодҳои давлативу ҷамъиятӣ барои амалисозии манфиатҳои фардӣ болотар аз манфиатҳои давлатӣ сайъ карданд.
Қобили қайд аст, ки коррупсия ва мавҷудияти он дар ҷомеа сараввал ба рушди босуръату бомароми иқтисодиёти ҷумҳурӣ таъсири манфӣ мегузорад, дуввум ин ки эътимоди халқро нисбат ба давлату ҳукумат коста мегардонад, саввум он ки таъсири истифодаи ҳадафмандонаи кумаку ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ниҳодҳову ташкилотҳои байналмилалӣ халалдор менамояд, инчунин ба обруву эътибори ҳокимияти давлатӣ иснод меорад.
Баҳри ошкор намудану пешгирӣ намудани ин зуҳуроти номатлуб мебояд, ки ташвиқу тарғиби таҷрибаи байналмилалии мубориза бо коррупсия дар маҳв кардани нуқсонҳои бесаводӣ баланд бардоштани сатҳи фарҳангиву ҷаҳонбинии зиддикоррупсионӣ дар ҷомеа ба роҳ монда шавад.
Бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ дар фаъолияти хизматчиёни харбӣ дар раёсату шуъбаҳои Фармондеҳӣ ва қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 силсилаи чорабиниҳои профилактикӣ, аз қабили семинару ҳамоишҳо бо ҷалби намояндагону мутахассисони соҳавӣ ташкил ва гузаронида мешаванд. Ҳамчунин, аз ҷониби масъулини мақомоти дахлдори Гвардияи миллӣ бо афсарону сарбозон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шуда, оид ба сабабу омилҳои сарзадани ин маризии иҷтимоӣ маълумот дода мешавад.
Ҳарчанд Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин зуҳуроти хатарзо дар асоси асноди ҳуқуқи чораҳои зарурӣ андешидааст, вале он ба шаклу усулҳои нав падид мешавад. Ба андешаи ман яке аз муҳимтарин тадбирҳои таъсирасон дар самти мубориза бо коррупсия ин татбиқ намудани чораҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқӣ ба ҳисоб меравад. Яъне, ки нисбат ба ашхоси даст ба амалҳои коррупсионӣ дошта, чораҳои дақиқу ҳатмии ҳуқуқӣ пешбинӣ гардида, ҷазоҳои сахти қонунӣ амалӣ карда шаванд.
Дар муборизаи шадид бо ин навъ зуҳуроти хавфнок ба ҷомеа ҳамчунин васоити ахбори омма нақши калидӣ дошта, дар тарбияи шаҳрвандони ҷумҳурӣ оид ба арҷ гузоштан ба қонунҳои амалкунанда саҳми калон ва саривақтӣ гузошта, дар шуури аҳолӣ ҷаҳонбинии зиддифасодӣ ва тарбияи ҳуқуқиро ҳамаҷониба ташаккул дода метавонанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки агар аҳли ҷомеа ба фасоду коррупсия назари манфӣ баён намуда, мавқеи оштинопазирро ишѓол намоянд, ҷомеаи мо ҳаргиз бо коррупсия ва омилҳои он олуда намешаванд. Маҳз муносибати дурусти ҷомеа ба ин падидаи хавфнок метавонад, ки ин зуҳуроти нангинро аз кору пайкори ниҳодҳову ҳаёти ҷамъиятӣ решакан намояд.
полковники гвардия Бахтиёр Айнизода