Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ

30 август дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истиқболи ҷашни 31-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарону кормандони сохтору мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот, низомӣ ва судии кишвар, ки дар фаъолияти корӣ дастовардҳои назаррас доранд, мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рутбаҳои навбатии ҳарбиро супориданд. Дар ин миён панҷ нафар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд:
бо медали
«ҶАСОРАТ»
Подполковники гвардия Муҳиддинзода Субҳиддин Ҳимоиддин - қисми ҳарбии 051057; майори гвардия Ғайратзода Саймумин Сайфулло - қисми ҳарбии 051062; капитани гвардия Мизробхонзода Олимхон - қисми ҳарбии 051062; майори гвардия Авалзода Баҳриддин Шарифхон - қисми ҳарбии 051063.
бо ордени
«Шараф дараҷаи II»
Подполковники гвардия Изатуллозода Фарҳод Изатулло - қисми ҳарбии 051063.

Ҳамчунин бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 августи соли 2022 Дар бораи додани рутбаи навбатии ҳарбии «полковники гвардия» ба афсарони Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон подполковники гвардия Қурбонзода Тоҷиддин Назар – сардори Раёсати амалиётии Сарситоди Гвардияи миллӣ; подполковники гвардия Ҳафиззода Ҷамшед Амирулло - сардори шуъбаи тайёрии тарбияи ватандўстии Раёсат оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Гвардияи миллӣ; подполковники гвардия Қувватзода Хушбахт Миралӣ - сардори шуъбаи фармонҳои Раёсати корҳои Фармондеҳии Гвардияи миллӣ; подполковники гвардия Муродзода Абдувалӣ Файзалӣ - муовини сардори Раёсати разведкаи Гвардияи миллӣ; подполковники гвардия Нурализода Амирхон Ҳасан, командири қисми ҳарбии 051053 Гвардияи миллӣ бо рутбаҳои навбатии “полковники гвардия” сарфароз гардиданд.
Аз ҷониби Роҳбари давлат бо мукофотҳои давлатӣ ва рутбаҳои навбатии олии ҳарбӣ сарфароз гардонидани хизматчиёни ҳарбӣ нишонаи қадршиносӣ аз хизмати содиқона, далериву ҷасорат ва ҳушёриву шуҷоати онҳо дар ҷодаи таъмин намудани сулҳу оромӣ, амнияту осоиш ва қонунияту тартибот дар кишварамон мебошад.




 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.