Ба ифтихори 30-солагии қабули Конститутсияи
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон
Амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем, барои ҳар як шаҳрванди мамлакат шароити зиндагии арзанда ва инкишофи озодонаро муҳайё созем.
Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки соли 2024 ба ифтихори ин санаи бисёр муҳимми таърихӣ «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон карда шавад.
(Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28.12.2023)
Санаи 11 октябри соли 2024 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмиллалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид, ки дар кори конфронси мазкур роҳбарони парламентҳо ва ҳайатҳои парламентии 11 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар суханронии худ иброз намуданд, ки «қабули ин санади олии мамлакат арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар марҳилаи нави инкишофи он ба шумор рафта, натиҷаи саъю талошҳои бисёрсолаи ҷомеаи мардумпарвар ва адолатпеша дар масири рушду пешрафт ва муаррифии давлати мо ба оламиён мебошад».
Дар робита ба раванди таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳтарам Рустами Эмомалӣ саҳми беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар роҳи эъмори давлатдории навини Тоҷикистон ва таҳкими пояҳои ҳуқуқии он алоҳида таъкид карда, қайд намуданд, ки «Сарвари мамлакат бо хиради воло, иродаи қавӣ, шуҷоату далерии бемисл ва бо қадамҳои қатъии хеш ба ҷанги таҳмилӣ хотима бахшида, давлатро аз нобудшавӣ ва миллатро аз парокандашавӣ наҷот доданд, дар таъмини сулҳу субот, рушди бемайлони соҳаҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакат саҳми бузург гузоштанд».
Бори нахуст дар таърихи давлатдории тоҷикон 6 ноябри соли 1994 Конститутсияи Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Ҳамчунин бо дар назардошти дастовардҳои нави ҷомеа ислоҳоти конститутсионӣ гузаронида шуда, марҳилаи нави такмили сохтори конститутсионӣ оғоз гардид ва он имкон дод, ки 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид шуда, мазмуну муҳтавои низоми ҳуқуқии кишвар такмил ва асосҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявии он таҳким ёбад.
Имрӯз таҷрибаи таърихии кишварҳои мутамаддини олам гувоҳ аз онанд, ки давлат танҳо дар сурате рушду инкишоф меёбад ва талаботу манфиатҳои тамоми аҳолии он ҳифз мегардад, ки агар дар он Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда ба таври зарурӣ риоя ва иҷро шуда, волоияти қонун таъмин гардад.
Дар ҷомеаи мутамаддини муосир қонун ҳамчун василаи танзимкунандаи ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа нақш ва мавқеи бебаҳс дорад, зеро инкишофу пешрафти ҷомеа фақат бо роҳи танзими қонунӣ ва одилонаи муносибатҳои ҷамъиятӣ имконпазир аст. Бояд тазаккур дод, ки ташаккули давлати ҳуқуқбунёд бе инкишофи тарбия ва фарҳанги ҳуқуқӣ ғайриимкон аст. Зеро ҳуқуқ дар давлати ҳуқуқбунёд ҷавҳари ҳама гуна муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, волоияти қонун ва низоми муайяни ҳуқуқиро таъмин менамояд.
Бояд тазаккур намуд, ки баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон яке аз вазифаҳои муҳимтарин ва нахустдараҷаи кишварҳое маҳсуб меёбад, ки роҳи бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеш гирифтаанд. Дар нахустин моддаи Конститутсияи кишвар хусусиятҳои соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонагии Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст. Арзишҳои номбурда собит месозанд, ки давлат дар пояи қонун ва ҳуқуқ бунёд ёфта, рушди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ ба сатҳи дониш ва маърифати ҳуқуқии аҳолӣ вобастагии зич дорад. Мақсад аз баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон тарғиби арзишҳои демократӣ, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он мебошад, зеро мавҷудияти сатҳи баланди маърифати ҳуқуқӣ як навъ гарави бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва ягона аст, ки дар он на танҳо ба арзишҳои ҳуқуқӣ, балки ба арзишҳои ахлоқӣ низ эҳтиром гузошта мешавад.
Маърифати баланди ҳуқуқӣ - ин риояи бошууронаи меъёрҳои қонун ва риоя намудани қонунро дар назар дорад. Шахсе, ки дорои маърифати баланди ҳуқуқӣ бошад бар зидди назари равандҳои ҷамъиятӣ набуда, балки дар ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок менамояд. Ҳар як фарди ҷомеа бояд зарурати риояи бечунучарои қонунро амиқ дарк намояд, риоя ва эҳтироми қонун бояд ба одати ҳар як шаҳрванд табдил ёбад. Сарвари давлат мегӯянд: «Мамлакате, ки дар он қонунро риоя ва эҳтиром намекунанд, рӯ ба таназзул меорад». Яъне, ҳар қадар дар ҷомеа тартиботи ҳуқуқӣ дуруст риоя шавад, ҳамон андоза ин кишвар ба пешрафт муяссар мегардад. Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар амал татбиқ мегардад. Ба қавли файласуфи Рими қадим Ситсерон: «Агар хоҳи озод бошӣ, пас ғуломи қонун бош».
Умуман, дар ҷаҳони муосир дониши ҳуқуқӣ на танҳо барои ҳуқуқшиносон, балки барои ҳар як шаҳрванд зарур аст. Донистани ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худ ба шахс имкон медиҳад, ки манфиатҳои худро ҳифз намуда, аз низоъҳо канорагирӣ намояд ва дар ҳолатҳои гуногуни зиндагӣ бештар мустақилу озод бошад.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ исбот намудааст, ки ташаккул ва рушди давлати ҳуқуқбунёд бе робитаи устувори шаҳрвандони он дар самти риояи ҳуқуқ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ вуҷуд дошта наметавонад. Зеро дар ин раванд иштироки шаҳрвандон низ хело муҳим аст, ки то чӣ андоза ҳуқуқу уҳдадориҳои худро медонанд ва вазифаҳои худро чӣ тавр иҷро мекунанд. Аммо, мутаасифона мо имрӯзҳо шоҳиди иттилооту ҳодисаҳое низ мегардем, ки шаҳрвандони ҷумҳурии мо бахусус ҷавонони кишвар, ки ояндасози давлату миллатанд, дидаю дониста даст ба ҳуқуқвайронкуниҳо зада, қонуният ва тартиботи ҳуқуқию ҷамъиятиро дағалона вайрон менамоянд, ки яке аз омилҳои асосии нишон додани маърифати пасти ҳуқуқии онҳоро ифода мекунад.
Донистан, эҳтиром ва риояи Конститутсия ва қонунгузории кишвар, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва ахлоқ, таҳкими ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи шаҳрвандон бо мақомоти давлатӣ, иштироки шаҳрвандон дар раванди фаъолияти қонунгузорӣ ва дигар равандҳои кишвар вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ ба шумор меравад. Вале дар сурати риоя нагардидани қонунгузорӣ ва даст задан ба ҳуқуқвайронкунӣ боиси татбиқи ҷавобгарии ҳуқуқӣ мегардад. Зеро мутобиқ ба муқаррароти Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад.
Ҳамин тариқ, метавон қайд кард, ки маърифатнокии ҳуқуқӣ дорои як қатор бартариятҳо мебошад, аз ҷумла:
1. Ҳифзи худ аз ҳуқуқвайронкуниҳо - донистани ҳуқуқҳои худ имконият медиҳад, ки шахс худро аз ҳуқуқвайронкуниҳои эҳтимолӣ муҳофизат намояд. Агар шумо ҳуқуқҳои худро донед, метавонед на танҳо дар вазъиятҳои гуногуни зиндагӣ дилпурона рафтор кунед, балки дар сурати рух додани ҳуқуқвайронкунӣ метавонед худро муҳофизат намоед.
2. Эҳтиром ба шахсият - донистани ҳуқуқҳои худ ба шахс кумак мекунад, ки шахсияти худ ва дигаронро эҳтиром кунад, зеро ӯ медонад, ки тибқи қонун чи ҳуқуқҳо дорад. Ин на танҳо ба эҳсоси эътимоди бештар, балки барои муносибати масъулиятнок ба уҳдадориҳо ва ҳуқуқҳои худ мусоидат мекунад.
3. Коҳиш додани хатари муноқишаҳо - донистани ҳуқуқҳои худ ба коҳиш додани хатари муноқишаҳо мусоидат мекунад, зеро агар одамон донанд, ки чӣ ҳуқуқҳо доранд, онҳо метавонанд дар бораи ҳуқуқҳои одамони дигар хулоса бароранд ва дар ҳолатҳои душвор қарорҳои оқилона қабул кунанд.
4. Фаҳмидани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ - донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрванд имкон медиҳад, ки ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро бештар ва равшантар фаҳмад. Дар Конститутсия тамоми кафолатҳои асосӣ, озодиҳо ва ҳуқуқу уҳдадориҳои шаҳрвандон, инчунин, принсипҳои умумии идоракунии мамлакат ифода ёфтаанд. Аз ин рӯ, шахс бо донистани Конститутсияи давлати худ метавонад ҳуқуқҳои худро истифода барад ва ҳангоми вайрон кардани онҳо ҳуқуқҳои худро ҳимоя кунад, инчунин, уҳдадориҳои худро, ки қонун муқаррар кардааст, вайрон накунад ва ҳамеша иҷро намояд.
капитани гвардия Саидшо Амирзода,
муовини командири қисми ҳарбии 051060
оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ