Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Маъракаи ниҳолшинонӣ

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи сабзу хуррамгардонии гирду атроф, манзилҳои истиқоматӣ ва атрофи биноҳо имрӯзҳо дар тамоми қисмҳои ҳарбии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди кабудизоркунӣ бо маром ҷараён дорад.
130 Чунин як маракаи ниҳолшинонӣ санаи 23 январи соли ҷорӣ дар Маркази миллии мубориза бар зидди терроризм ва маводир мухаддири Гвардияи миллӣ баргузор гардид. Тибқи иттилои масъулини ақибгоҳ бо супориши фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти гвардия Бобоҷон Ҷамолзода барои марказ 1500 бех ниҳоли павлония оварданд. То имрӯз 400 бех ниҳоли павлонияро дар 6 нуқтаи ҳудуди марказ шинонидаанд ва барои 1100 бех ниҳоли дигар ҷой омода аст. Гуфта шуд, ки ниҳолҳои шинонидашуда дар гармхонаҳои ноҳияи Фархор муддати як сол парвариш ёфта, акнун барои шинонидан ба ин марказ овардашудааст. Дар соли гузашта бошад дар маркази мазкур чунин иқдом пеш гирифта шуда буд, ки дар умум 420 бех павлония ва 50 бех ниҳоли арча шинонида буданд. Айни замон онҳо хуб нашъунамо доранд. Мувофиқи маълумоти мутахассисон дарахти павлония давоми як сол зиёда аз 5 метр қад мекашад.

130 Дар Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии ёрирасон”- и Гвардияи миллӣ низ корҳои омодагӣ ба мавсими кишту кор, кабудизоркунӣ ва ниҳолшинонӣ мувофиқи нақша рафта истодааст. То имрӯз дар масоҳати якуним гектар барои шинонидани дарахтони мевадиҳанда ҷуқуриҳо омода карда шудааст. Айни ҳол 1175 ҷуқурӣ, ҷой барои дарахти себ омода намудаанд. Иттилоъ дода шуд, ки дар заминҳои хоҷагӣ, ки барои 1175 бех ниҳоли себ омода мешавад, боғи интенсивӣ бунёд мегардад.
Инро ҳам бояд зикр намуд, ки то 16 январи соли 2024 дар ҳудуди қисмҳои ҳарбӣ 734 бех гули садбарг, 400 бех гулҳои ороишӣ, 40 бех буттаҳои ҳамешасабз, 108 бех дарахти арча, 50 бех дарахтони сояафкан ва 613 бех дарахтони мевадиҳанда шинонида шудааст. Масъулини ақибгоҳ иброз намуданд, ки раванди кабудизоркунӣ ва сабзу хуррамгардонӣ идома дорад.

Родмардон

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.