Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Луқма бояд ҳалол бошад


Коррупсия дар ҷомеаи имрӯза яке аз масъалаҳои ташвишовар ба шумор рафта, дар баъзе кишварҳо бо суръат рӯ ба афзоиш дорад. Мубориза бо ин падидаи номатлуб кори дастҷаъмона буда, дар ин раванд мақомоти давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо аҳли ҷомеаи шаҳрвандӣ метавонанд ба натиҷаҳои дилхоҳ ноил гарданд. Ва ё каме ҳам бошад сатҳи болоравии онро коҳиш диҳанд. Дар сурати беаҳамиятӣ ин вабо инкишоф меёбад ва сарфи назар аз мақоми ҷомеа онро ба нестӣ оварда мерасонад.
130 Албатта, ин зуҳурот омилу сабабҳои худро дорад. Яке аз сабаҳои зиёд шудани ҳолатҳои коррупсионӣ бемасъулиятии баъзе аз роҳбарони муассисаву идора, корхонаҳо мебошад, ки нисбат ба тобеон бепарво буда, тартибу низоми корхонаро назорат намекунанд. Барои рӯпӯш намудани камбудиҳо, онро нодида мегиранд ва ё барои гуноҳи содиршуда маблағ талаб менамоянд, ки ин ба дигар нафарон, онҳое, ки сидқан, софдилона меҳнат мекунанд, таъсири манфӣ мерасонад. Мешавад ҳолатҳое, ки ба як нафар дар фаъолияти хизматӣ бартарӣ медиҳанд. Регламенти корӣ барои ҳама як хел риоя намешавад, ин ба ҳолати рӯҳии ҳайати шахсӣ таъсири бад мерасонад. Руҳияи коллективро мешиканад. Дар бештари маврид ин амалро касоне такрор мекунанд, ки дар ҳақиқат мафҳуми коллектив барояшон бегона аст… Мутаасифона, ин раванд рӯ ба афзоиш овардааст.
Дар бисёр ҳолатҳо шоҳид мегардем, ки дар навбат барои қабули духтур мешинӣ, вале нафаре бенавбат ҳамроҳи «тоғояш» медарояд. Ҳолате мешавад, ки нафари фаъолу боинтизом дар канор мемонаду нафари бемасъулияту намоишгар қадрдонӣ мешавад. Ба андешаи ман ин ҳолати коррупсионӣ аст. Хомӯшии мо дар ин ҳолат мусоидат ба коррупсия мебошад.
Барои бартараф намудани корҳое, ки дар таркиби худ омилҳои коррупсионӣ доранд, аҳли ҷомеаро зарур аст, ки сарҷаъмона мубориза баранд. Таълиму тарбияро аз овони кӯдакӣ дар рӯҳияи меҳнати софдилона, ҳурмату эҳтироми инсон, шарафу номус ва қадру манзалати ӯ ба роҳ монанд, ки дар Конститутсияи Тоҷикистон омадаст. Аз тарафи дигар мо, ки мусулмон ҳастем, бояд тарбияву зиндагии инсонро мувофиқи талаботи шариат ва дини мубини Ислом ва китоби муқаддаси мардуми мусалмон- Қуръон ба роҳ монем. Яъне, луқма бояд ҳалол бошад. Ё ҷойи дигар ба ин маъно омадааст: ҳар моле, ки ба василаи дуздӣ, хиёнат, фиреб, ришва, зулм, хариду шурӯши ноҷоиз ва монанди он ҳосил шавад, қатъан ҳаром аст. Дар ҳадисе Паёмбари Худо (с) се нафарро лаънат, яъне дуои бад кардааст: ришвадиҳанда, ришвагиранда ва байни ин ду миёнаравро.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияи муқовимат ба коррупсияро бо мақсади ошкор, пешгирӣ ва бартараф намудани сабабу шароитҳои мусоидаткунанда ба коррупсия, ҳуқуқвайронкунва ҷиноятҳои коррупсионӣ ва таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳо, баланд бардоштани сатҳи зиндагии шаҳрвандон, пешрафти иқтисодиёт ва таъмини амнияти кишвар татбиқ менамояд.
Ҳар як фард ва шаҳрванде, ки дар Тоҷикистони биҳиштосо зиндагӣ ва фаъолият менамояд бояд ин сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, барои пешгирӣ ва бартараф намудани ин беморӣ саъю кӯшиш намоянд. Зеро пешгирии беморӣ аз табобати он осонтар мебошад.

Майори гвардия Абдуфаттоҳи Абдусалом,
сардори шуъбача оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ



 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Паёми имсолаи Роҳбари давлат дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар дар бинои нави мақоми олии қонунгузори мамлакат – Маҷлиси Олӣ баргузор мегардад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо – вакилони муҳтарамро табрик мегӯям.
Соли ҷорӣ мардуми шарафманди Тоҷикистон 30-юмин солгарди қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлоли худро бо ифтихору шукргузорӣ аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ таҷлил намуданд....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.