Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Ҳанӯз дар аҳди бостон калимаи “коррупсия” ба истилоҳи фасод, вайронкунанда, зараррасонанда ва фурӯхтани мансаб маънидод карда шуда, ҳамчун рафтори истифода намудани имкониятҳои мансаб ба манфиатҳои шахсӣ фаҳмида мешуд ва афроди ба чунин амал дастзада дар ҳамаи давру замонҳо аз ҷониби аҳли ҷомеа маҳкум мегардиданд.
Эмомалӣ Раҳмон

Коррупсия
Мафҳуми коррупсия дар тамаддуни ҷаҳон таърихи беш аз чандҳазорсола дорад. Гузаштагони тамаддунофари мо, дар осори гаронмояи хеш дарҷ намудаанд, ки ришвахӯрӣ яке аз омоли касифи инсонист. Пас маълум мегардад, ки пайдоиши ин падидаи зишт ҳанӯз ба пайдоиши аввалин давлатҳо алоқаманд аст. Зеро аз рӯзе, ки инсон худро ҳамчун масъули идоракунандаи ҷомеаи башарӣ ҳисобид, дар зеҳни худ чигуна бадастовардани манфиат, қудрат, пешравӣ ва умуман ҳадафҳои худро парварид.
Мубориза бар зидди ин зуҳуроти номатлуб дар қонунҳо ва дар дину оини халқҳои гуногуни олам таъкид гардидааст. Аммо мутаассифона, бо пешрафти ҷомеаи башарӣ ин падидаи нангин низ рушд карда истодааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати иҷтимоӣ баҳри паст намудани шиддати коррупсия дар ҷомеа заминаҳои ҳуқуқӣ ва воқеиро амалӣ намуда, барои ҳар як шаҳрванди худ шароити арзандаи зиндагиро фароҳам оварда истодааст. Аз ин рӯ, ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ, дар решакан намудани ин вабои аср бетараф буда наметавонад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ як қатор қонунҳое қабул намудааст, ки дар пешгирӣ ва решакан намудани ин зуҳуроти номатлуб нақши беандоза доранд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» аз 25 июли соли 2005 яке аз қонунҳое мебошад, ки бо мақсади мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, решакан ва паст намудани шиддати коррупсия, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, манфиатҳои ҷамъият, таъмини амнияти миллӣ, фаъолияти мӯътадили мақомоти ҳокимияти давлатӣ, поктинатӣ ва беғаразӣ дар хизмати давлатӣ равона гардидааст.
Вобаста ба ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешгирӣ ва мубориза бурдан бар зидди коррупсия як қатор санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмилалӣ қабул ва ба имзо расидаанд, ки баҳри таъмини ҳаёти осоиштаи мардум, таъмини амнияти миллӣ, таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва поктинатию росткорӣ равона гардидаанд. Яке аз онҳо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1999 №1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» мебошад. Ҳамзамон, баҳри пешгирӣ аз ҳама ҷинояту ҷинояткорӣ ва мубориза ба коррупсия санаи 31 октябри соли 2003 Конвенсияи Созмони Миллали Муттаҳид зидди коррупсия қабул шуда, санаи 9 декабри соли 2003 дар конфронси сиёсӣ намояндагони зиёда аз 100 давлати дунё ба Конвенсияи мазкур имзо гузоштанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ дар қатори дигар давлатҳо санаи 25 сентябри соли 2006 ба Конвенсияи мазкур имзо гузошт ва он ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид карда шуд.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳо ва ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта, бартараф намудани такроркунии функсия ва ваколатҳои мақомоти идоракунии давлатӣ, таъмини шаффофият ва такмили фаъолияти назоратӣ 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун мақоми махсусгардонидшуда таъсис дода шуд.
Дар баробари ташаккули заминаҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва таъсиси мақомоти махсусгардонидашудаи мубориза бо коррупсия дар кишвар баҳри пешгирӣ ва муборизаи беамон бо ин падидаи хатарзою фалаҷкунандаи давлату ҷомеа “Стратегияи мубориза бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2008-2012” бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2008, “Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 августи соли 2013 ва “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ва Нақшаи чорабиниҳои амалисозии он барои марҳилаи якум (солҳои 2021-2025)” бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 августи соли 2021 қабул ва тасдиқ гардиданд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки дар давраи амалисозии барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ҷиҳати паст кардани шиддати коррупсия ва баланд бардоштани обрӯву нуфузи мамлакат дар арсаи байналмилалӣ заминаҳои мусоид фароҳам оварда шуданд.
Чорабиниҳои дар стратегияҳо зикргардида ба меъёр ва принсипҳои қонунгузории миллӣ, ҳуқуқи байналмилалӣ, таҳлили вазъи ҷинояткорӣ ва пешгӯии раванди он, натиҷаҳои тадқиқоти илмию амалияи муқовимат бо коррупсия, таҷрибаи амалҳои муштарак, ки аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ, намояндагони мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пешниҳод шудаанд, асос ёфтаанд.
Чи тавре, ки дар нишасти матбуотӣ аз натиҷаҳои фаъолияти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соли 2022 қайд намуданд, ки баҳри бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ нисбати 1146 нафар хизматчиёни давлатӣ ҷазоҳои интизомӣ татбиқ гардида, 205 нафари дигар аз вазифаҳои ишғолнамудаашон озод карда шуданд.
Сарфи назар аз он ки қонунгузорӣ ҷазои вазнин барои чунин амалҳо пешбинӣ мекунад, новобаста ба ин ришваситонӣ дар амалия ба чашм мерасад. Метавон хулоса кард, ки роҳи ҳалли масъалаи мазкур танҳо тавассути дастҷамъӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, савияи баланди донишу маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолнокии ҳар фарди ҷомеа дар муносибати оштинопазир бо ин зуҳурот вобаста аст.
Аз ин рӯ, даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати ноил шудан ба натиҷаҳои назаррас дар самти муқовимат ба коррупсия бояд дар якҷоягӣ тамоми қишрҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо истифода аз маҷмӯи тарзу усулҳои муосири муқовимат ба ин зуҳуроти номатлуб фаъолият ва амал намоем.

Лейтенанти гвардия Насриддинзода Илоҳиҷон,
афсари шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он – хушксоливу камобие, ки солҳои охир дар минтақа идома дорад, ба шарофати заҳмати аҳлонаву содиқонаи мардуми сарбаланди кишвар боз як соли бобарор гардид...>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.