Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Конститутсия сарчашмаи ҳуқуқу озодиҳо


130 Ҳамасола 6 ноябр дар кишвар Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил гардида, дар доираи он чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ, симпозиуму конфронсҳои ҷумҳуриявӣ ва мизҳои мудаввар ташкилу баргузор карда мешаванд. Ҳамзамон дар корхонаву ташкилотҳо, вазорату идораҳо ва дигар сохторҳои давлатӣ ин рӯзро бошукӯҳу шаҳомати хосса ҷашн мегиранд. Дар баробари дигар сохторҳои давлатӣ дар Гвардияии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ Рӯзи Конститутсия баргузор гардид.
130 Дар кори он Ёрдамчии судяи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҷиддин Сатторов, прокрори ҳарбии шуъбаи назорати умумии Сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон полковники адлия Салимзода Каримҷон, муовини фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ полковники гвардия Собириён Маҳмаднаим, сардорони раёсату шуъбаҳо ва афсарони Гвардияи миллӣ иштирок намуданд. Дар оғоз роҳбарияти Гвардияи миллӣ меҳмононро хайрамақдам гуфта, баргузории ин чорабиниро дар болобурдани маърифати ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, таъмини волоияти қонун ва огоҳонидани ҳама қишрҳои ҷомеа арзёбӣ кард. Ҳамзамон ёдовар шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун шиносномаи давлатдорӣ тайи 31 сол мешавад, дар бунёди ҷомеаи адолатпарвар, рушди қонунгузорӣ, пойдории давлатдории миллӣ ва таъмини ҳуқуқу озодии шаҳрвандон аз он ҷумла хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ заминагузор аст.
130 Меҳмонони чорабинӣ низ доир ба нақши ин санади тақдирсоз изҳори андеша карда, зикр доштанд, ки 6 ноябри соли 1994 дар раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шудааст. Конститутсия заминагузор ба қонуну санадҳои меъёрии ҳуқуқии моҳиятан миллӣ дошта, таъсир гузошта, ҳамзамон ҳама қонунҳои кишвар аз Конститутсияи амалкунанда сарчашма мегиранд.
Бояд гуфт, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли давлатдорӣ, асосҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатро муайян менамоянд. Дар баробари ин тамомои асосҳои ҳуқуқии Қувваҳои Мусаллаҳ ва вазифаҳои шаҳрвандонро дар ин самт танзим ва муайян мекунад. Амният ва мудофиаи кишварро вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад. Ин нукта махсусан дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: “Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад.”

 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.