Тоҷикӣ   |   Русский    |   English      

    БА ПРЕЗИДЕНТ, БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ! БАРОИ ҲИФЗИ ВАТАН, ТАҲКИМИ ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА АМНИЯТИ МИЛЛӢ ТАЙЁРЕМ!

Мо насли хушбахти замон

Тарбияи кӯдакону насли ҷавон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ ва муқаддас донистани ҳифзу ҳимояи Модар-Ватан вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа мебошад. Дар ҷомеаи муосир, ки хавфи аз байн рафтани хусусиятҳои фарҳанг ва арзишҳои миллӣ рӯз ба рӯз бештар мегардад, ин масъала яъне тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи эҳтирому арҷгузорӣ ба расму оин, анъанаҳо ва дигар унсурҳои миллӣ тақозои замон аст. Вобаста ба ин аз тарафи Ҳукумати мамлакат пайваста тадбирҳои заруриву саривақтӣ амалӣ карда мешавад.
130 Бо ин мақсад ва дар доираи нақша-чорабиниҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои кишвар хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ дар чорабиниҳои ҷашниву фарҳангии муассисаҳои таълимӣ фаъолона иштирок менамоянд. Ҳафтаи сипаригардида, хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ, аз ҷумла ҳайати шахсии ротаи қаровули фахрии қисми ҳарбии 051054 ва ҳайати Оркестри ҳарбӣ дар як қатор чорабиниҳои ҷашнии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе иштирок намуда, бо нишон додани маҳорати касбӣ хотири хонандагонро шод гардониданд. Чорабиниҳои ҷашнии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии 27, 73, 87 ва 95-и Синои шаҳри Душанбе бо омодагии ҷиддӣ ва баргузории барномаҳои фарҳангиву ҳарбӣ доир карда шуданд. Ороиш ва насби шиору овезаҳо дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистони соҳибистиқлол, хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, пӯшидани либоси низомӣ ва таҳияи барномаи фарҳангӣ аз ҷониби толибилмон ба чорабиниҳо зебоӣ замъ намуд.
130 Сарбозони ротаи қаровули фахрӣ машқҳои махсуси низомиро бо силоҳи карабин намоиш дода,таваҷҷуҳи хонандагонро бештар ҷалб намуданд. Мактаббачаҳо ба сару либос ва амали сарбозон бо ҳавас менигаристанд.
130 Мактаббачагон ҳам дар навбати худ кӯшиш намуданд, ки ҳунару истеъдодашонро ба намоиш гузоранд. Онҳо саҳнаҳои ҷолибу диданӣ, амалҳои сафороӣ, қироати суруду таронаҳои ватандӯстиро пешкаши иштирокдорон намуданд. Барномаҳои фарҳангии муассисаҳои таълимӣ рангоранг буда, зери роҳбарии масъулини муассисаҳо ва устодону муррабиён гузаронида шуданд.
130 Хизматчиёни ҳарбии Гвардияи миллӣ ба дигар муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо низ ташриф оварда, хонандагон-насли наврасу ҷавонро ба илму маърифат, ҷасорату шуҷоат ва дӯстдоштани Модар-Ватан ҳидоят намуданд. Иштироки хизматчиёни ҳарбӣ дар чорабиниҳои фарҳангиву маърифатии хонандагон пеш аз ҳама дар раванди тарбияи худшиносиву худогоҳӣ, масъулияти ватандориву меҳанпарастӣ саҳми босазо мегузоранд.

Майори гвардия Неъматуллои Холиқ


 Payom

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2025 барои мардуми шарифи Тоҷикистон ва давлати соҳибистиқлоли тоҷикон бо дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳим боз як соли таърихӣ гардид.
Моҳи марти соли 2025 интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне чорабиниҳои муҳимми сиёсӣ дар фазои озод, шаффоф ва дар сатҳи баланд баргузор гардиданд
Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.....>>>

RODMARDONI VATAN

© 2021 Сомонаи расмии Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон.