Яке аз рӯйдодҳои хотирмони ҳаёти иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангии сокинони мамлакат ироаи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки ҳар сол ба Маҷлиси Олии кишвар ва мардуми шарифи Тоҷикистон расонда мешавад.
Воқеан, санаи 16 декабри соли 2025 дар Паём дастовардҳои кормандони соҳаҳои гуногун ва дурнамои фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид шуд. Мардуми тоҷик тули 34 соли сипаришуда бо дарназардошти мушкилиҳои ҷойдошта дар ҳама самтҳои фаъолият комёб шуданд. Ин ҳақиқати равшанро Пешвои муаззами миллат чунин қайд карданд: «Тайи даҳ соли охир, яъне давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳилаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегирад, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагонии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳиму самарабахш амалӣ карда шуданд...».
Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ, ҷаҳонишавии фарҳангҳо ва ҳифзи таъриху забони модарӣ ҳар як инсони бедордилу худшиносро водор мекунанд, ки ба ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол бо масъулияти бузург бинигарад.
Айни замон яке аз масъалаҳои муҳим тарбия кардани ояндасозони Ватан, фарзандони соҳибфарҳанг ва меҳандӯст мебошад, ки вобаста ба ин роҳбарияти олии мамлакат корҳои бузургро анҷом дода истодаанд. Хусусан, аз ҷониби Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббусҳои зиёд амалӣ карда шуд. Аз ҷумла, ҳадя намудани китобҳои «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и Абулқосим Фирдавсӣ ба ҳар як хонадон бузургтарин иқдом мебошад. Ҳар як фарди кишварамонро зарур аст, ин ду асари безаволро мутолиа карда, сатҳи маърифату худогоҳии худро баланд бардоранд. Зеро таърихи миллатро наомӯхта, рӯзгори гузаштагонро надониста, аз ганҷинаи фарҳанги шашҳазорсола огоҳ набуда, ватандори ҳақиқӣ будан номумкин аст. Он гуна, ки Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ гуфтааст:
Забт кун таърихро поянда шав,
В-аз нафасҳои рамида зинда шав.
Дар ҳамин радиф муҳтарам Пешвои миллат дар Паёми навбатии худ чунин иброз намуданд: «Мусалам аст, ки тоҷикон яке аз миллатҳои фарҳангиву тамаддунсози дунё мебошанд. Боиси ифтихори мост, ки гузаштагони некноми мо – ориёиҳо ба ҷаҳониён забону фарҳанг, илму ҳунар, оину суннатҳои бою рангоранги башардӯстона, аз ҷумла Наврӯз, инчунин, анъанаҳои пешрафтаи давлатдорӣ, яъне тамаддуну фарҳанги ҷовидонаро ба мерос гузоштаанд. Мо вазифадорем, ки дар баробари ифтихор кардан аз мероси оламшумули аҷдодии худ онро соҳибӣ кунем, омӯзем, идома диҳем ва барои наслҳои оянда ҳамчун ганҷинаи бебаҳои ҳувиятсоз ба мерос гузорем. Мо бояд ифтихор дошта бошем, ки аҷдодони хирадманди мо «пиндори нек, гуфтори нек ва рафтори нек»-ро ҳамчун арзиши бузурги инсондӯстона шиори зиндагии худ қарор додаанд».
Ин гуфтаҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо аҳли ҷомеаро водор мекунад, ки дар ҳифз кардани мероси таърихии миллат ва анъанаҳои неки миллӣ собитқадаму устувор бошем.
Маврид ба зикри хос аст, ки Пешвои муаззами миллат дар баромадҳо ва асарҳои худ таъкид менамоянд, ки баҳри таҳкими ҳувияти миллӣ ва шакл гирифтани тафаккуру андешаи миллӣ, инчунин ҷиҳати бедор намудани ғурури миллӣ, дар зеҳни наврасону чавонон аз рӯзгори гузаштаи миллат сабақҳои ибратомӯзи таърихӣ ҷой намоем ва аз корномаҳои дурахшони фарзандони халқи худ ҳар чи бештар насли имрӯзаро огаҳ намоем. Мо бояд ба ояндагон зарурати донистани гузаштаи худро талқин намоем ва онҳоро аз саҳифаҳои дурахшони миллатамон, ки сабақи бузурги худогоҳӣ мебошанд, огоҳ созем ва дар қалбашон меҳру муҳаббат, садоқату вафодориро бедор намуда, ба онҳо аз ин таърихи пуршараф ифтихор карданро ёд диҳем. Зеро таърих, фарҳанг ҳастӣ ва иқтидори миллат аст.
Дар баробари ифтихор доштан аз гузаштагони хеш вазифадор ҳастем, ки аз ҳама муҳим қаҳрамонҳои корзори замонро ба воя расонем, Ватанамонро мисли гавҳараки чашм ҳифз намоем. Зеро, вазифаи муқаддас будани ҳифзи Ватан аз муқаддасоти Ватан бармеояд, ки мафҳуми мушахаси ҳифзи Ватан ва ҳимояи он дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дарҷ гардидааст.
Ватани азизамон бо сарзамини аҷдодии тоҷикон алоқаманд буда, ба алоқаи сокинони имрӯзаи кишвар бо ҳаёту фаъолият, шуҷоат, қаҳрамонӣ, ҷонфидоӣ, меҳнату корнамоии наслҳои пештара ишора мекунад. Ватани аҷдодӣ пуштибонии ҳар шаҳрванди Тоҷикистонро аз мероси таърихию фарҳангӣ, анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла анъанаҳои давлатдории миллӣ, осори ғании таърихӣ дар назар дорад. Ҳисси меҳандӯстӣ дар Суруди миллӣ, Парчам ва Нишони давлатӣ низ ифода меёбад.
Бо изҳори хушнудӣ ва боварии комил метавон гуфт, ки Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хурду бузурги кишвар ҳамчун дастури асосии кору зиндагӣ ба ҳисоб рафта, ҳидоятномае ба олами худшиносӣ ва маърифатандӯзии халқи бузурги тоҷик мебошад. Дар охири матлаб мехоҳам андешаи хешро бо суханони пандомӯз ва созандаи Пешвои миллат аз паёми навбатӣ анҷом бахшам: «Пас биёед, ҳама якҷову ҳадафмандона, бо рӯҳияи баланди миллӣ, шукургузориву ифтихор аз соҳибватаниву соҳибдавлатӣ ва фарҳангу тамаддуни беш аз шашҳазорсолаи тоҷикон барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани маҳбубамон – Тоҷикистон ва баланд бардоштани обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ кӯшишу талош намоем».
Сардори шуъбаи ҳуқуқии Раёсати корҳои
фармондеҳии Гвардияи миллӣ
полковники гвардия Дилшод Сайфиддинзода