Маросими қабули савганди ҳарбӣ яке аз чорабиниҳои асосӣ ва лаҳзаи фаромушнашавандаи хизмати ҳарбӣ дар ҳаёти сарбозон аст. Ба ин муносибат дар майдони сафороии қисми ҳарбии 051055, ки идона ороста шуда буд, ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Баъди садо додани Суруди миллии Тоҷикистон зиёда аз 150 нафар наваскарон дар ҳузури ҳайати фармондеҳии Гвардияи миллии Тоҷикистон, волидону наздиконашон ба қабул намудани савганди ҳарбӣ шурӯъ карданд.
Наваскарон ба ин маросими ҳарбӣ тӯли як моҳ омодагӣ гирифта, барномаи мукаммали тайёрии ибтидоии ҳарбиро дар Маркази тайёрии кадрҳо аз бар намудаанд. Қадамзании устувору нутқи буррои наваскарон аз он шаҳодат медод, ки дар ин муддати таълим онҳо талаботи Оинномаҳои Қувваҳҳои Мусаллаҳро аз худ карда, масъулияти ватандориро вазифаи муқаддаси худ мешуморанд. Барои дар ҳама ҳолат, то нафаси охирин ба халқу Ватан содиқ мондан савганд ёд карданд.
Пас аз қабули савганди ҳарбӣ муовини аввали Фармондеҳ-сардори Сарситоди Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Ализода Ҷонибек наваскаронро бо ин санаи таърихӣ ва лаҳзаи фаромушнашавандаи хизмати ҳарбӣ табрик намуда, таъкид кард, хизмати ҳарбӣ қарзи шаҳрвандии ҳар яки мост. Хизмати ҳарбиро ба манфиати халқу Ватан равона карда, илми ҳарбӣ, маҳорату малакаи ҷангӣ омӯзед. Зеро размидан дар майдони ҷанг, ҳимояи муқаддасот, сарзамини аҷдодӣ, модару хоҳар, зану фарзанд ҷойи нангу номус ва қарзи ҷавонмардон аст. Ҳамеша сазовори бовариву эътимоди наздикон, халқ ва номбардори Модар-Ватан бошед.
Ҳамчунин дар маросими тантанавӣ падару модарон ва хешу наздикони наваскарон, ки аз тамоми гӯшаву канори мамлакат ба табрику дидорбинии фарзандонашон омада буданд, суханронӣ карданд. Онҳо бо шукргузорӣ аз диёри сулҳу ваҳдат, файзу баракат ва ифтихор аз хизмати ҷавонон дар сафҳои Артиши миллӣ изҳори ақида карда, ҷавононро ба садоқату муҳаббат ва дӯстдоштани ин сарзамини биҳиштосо, яъне Тоҷикистони маҳбуб ҳидоят намуданд.
Қабули савганди ҳарбӣ, анҷом додани хизмати Модар- Ватан нишони садоқату вафодорӣ, ифтихору шарафмандӣ, ахлоқи некӯ ва оини мардони ба нангу ори миллат аст, ки бо ёд кардани он ҳисси масъулиятшиносии шаҳрванд ба ҳар зарра хоку оби Ватан дучанд меафзояд. Маросими тантанавиро расми гузашти низомии наваскарон таҳти оҳангҳои ҷаззобу мутантани оркестри ҳарбии Гвардияи миллӣ анҷом бахшид.
Шуъбаи иттилоот ва робита бо ҷомеа